Қоҳир Расулзода, нахуствазири Тоҷикистон, ба шаҳри Ню-Йорк рафтааст, то дар иҷлоси 74-уми Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид иштирок кунад.
Нишасти Созмони Милал рӯзи 24-уми сентябр оғоз шуда, шаш рӯз давом меёбад. Дар он роҳбарону нахуствазирон ва вазирони умури хориҷии даҳҳо кишвари ҷаҳон иштирок мекунанд.
Мавзӯи суҳбати Қоҳир Расулзода дар нишасти Созмони Милал маълум нест. Мақомот дар ин бора тафсилот надодаанд. Вале дар гузашта намояндагони Тоҷикистон дар нишасти Созмони Милал асосан дар бораи тағйири иқлим ва ифротгароиву терроризм суҳбат кардаанд.