Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пулиси Узбекистон эътирозгарони пиёдагардро боздошт кард (ВИДЕО)


Маъмурони ҳифзи ҳуқуқи вилояти Хоразми Узбекистон рӯзи 23-юми сентябр рӯзноманигор Маҳмуд Раҷаб ва наздиконашро боздошт карданд, ки дар доираи як иқдоми эътирозӣ пиёда озими шаҳри Тошканд шуда буданд.

Дар иттилоияи расмӣ омадааст, ки боздоштшудаҳо дар ҳоли ҳозир дар шуъбаи пулиси маҳаллӣ нигаҳдорӣ мешаванд. Ба гуфтаи пулиси Хоразм, ташаббускорони иқдоми мазкур мехостанд, бо ин роҳ ба қатъи парвандаи ҷиноӣ зидди Маҳмуд Раҷаб даст ёбанд.

"Шаҳрдори Урганҷ бо онҳо мулоқот карда, фаҳмонд, ки барои баргузории иқдоми эътирозӣ бояд иҷозат гиранд ва он набояд ба зиндагии мардум таъсири манфӣ расонад. Вале иштирокдорони иқдом бо ҳадафи резондани обурӯи давлат барқасдона мехостанд, боварии мардум ба ҳукумати худро ба ҳам бизананд. Онҳо ҳамчунин бо мақсади ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеа раванди роҳпаймоии эътирозии худро дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба таври мустақим ба намоиш гузоштанд", - афзудааст пулиси Хоразм.

Дар иттилоияи расмӣ дар бораи тақдири боздоштшудаҳо чизе гуфта нашудааст. Дар иқдоми эътирозӣ ҳудуди 20 тан, аз ҷумла ду ноболиғ ва як кӯдаки чормоҳа иштирок доштанд.

Видеое дастраси бахши узбекии Радиои Озодӣ шуд, ки ҳангоми боздошти рӯзноманигор ва наздиконаш сабт шудааст.

Пештар хабар дода шуд, ки кормандони пулиси Хоразм рӯзи 21-уми сентябр барои боздошти Маҳмуд Раҷаб ба хонааш рафтанд, вале онҳо ҳангоми боздошт ба муқовимати ҳамсояҳо рӯ ба рӯ шуданд.

"Кормандони милиса бо чаҳор мошин назди хонаи ман омаданд. Аммо ҳамсояҳо бо зарфҳои бензин ва гӯгирд ба кӯча барома, ҷанҷол бардоштанд. Виҷдони ман пок аст", - гуфт ӯ.

Мақомоти Узбекистон Маҳмуд Раҷабро дар талоши ғайриқонунӣ ворид кардани китобҳои роҳбари мухолифон Муҳаммад Солеҳ айбдор мекунанд. Зидди вай дар асоси ду модда парванда боз шуда, эҳтимоли аз 5 то 10 сол зиндонӣ шуданаш мавҷуд аст.

XS
SM
MD
LG