Борис Ҷонсон, нахуствазири Бритониё, гуфт, кишвараш ба ин натиҷа расидааст, ки Эрон масъули ҳамла ба марказҳои тавлиди нафти Арабистони Саудӣ мебошад.
Ҷонсон ҳамчунон гуфт, онҳо дар бораи саҳм гирифтан дар талошҳои низомии Амрико барои тақвияти дифоии Арабистони Саудӣ фикр хоҳанд кард.
Ӯ, ки ҳангоми сафар ба Ню-Йорк бо хабарнигорон суҳбат мекард, афзуд, Бритониё бо муттаҳидонаш дар хусуси коҳиши танишҳо дар Ховари Миёна кор мекунад. Нахуствазири Бритониё дар иҷлоси Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид иштирок хоҳад кард.
Танишҳо дар Ховари Миёна дар пайи ҳамла ба марказҳои тавлиди нафти Саудӣ сахттар шудааст. Амрико ва Арабистони Саудӣ бовар доранд, Эрон дар ин ҳамла даст дорад. Эрон ин иттиҳомро рад кардааст.
Масъулияти ҳамлаи як ҳафта пеш ба марказҳои тавлиди нафти Арабистони Саудиро шӯришёни ҳусии Яман ба уҳда гирифтаанд. Ҳусиҳо аз пуштибонии Эрон бархӯрдоранд.