Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пентагон ба Трамп барномаи вокуниш ба ҳамлаҳои муассисаҳои нафтии саудиро пешкаш мекунад


Қарор аст Пентагон ба президент Доналд Трамп бастаи пешниҳодҳо дар заминаи вокуниш ба ҳамла болои муассисаҳои нафтии Арабистони Саудиро пешкаш кунад. Дар маъмурияти Кохи Сафед бисёриҳо бовар доранд, ки ин ҳамларо Эрон анҷом додааст. Мақомоти огаҳ аз ҷузъиёти ин санад ба хабаргузории АР ба шарти ифшо нашудани номашон гуфтанд, ки қарор аст 20 сентябр низомиён ба Трамп феҳристи ҳамлаҳои имконпазири ҳавоии ҳадафмандона дар дохили Эронро ҳамчун як вокуниши эҳтимолӣ пешниҳод кунанд. Мақомот гуфтанд, ки Пентагон инчунин Трампро огоҳ хоҳад кард, ки амалиёти низомӣ зидди Эрон метавонад ба як ҷанги густурдаи мусаллаҳона табдил шавад. Ҳама гуна қарор дар заминаи қассосгирӣ алайҳи Эрон ба он бастагӣ хоҳад дошт, ки муфаттишони амрикоиву саудӣ чӣ шаҳодате дар заминаи таъйиди иттиҳоми аз ҷониби ин кишвар анҷом шудани ҳамлаҳои рӯзи 14 сентябр пайдо хоҳанд кард. То ҳол чандин мақоми баландпоя, аз ҷумла котиби давлатӣ Майк Помпео ба ин хулоса омадаанд, ки дар пушти ҳамлаҳо ба муассисаҳои нафтӣ Эрон истодааст. Эрон ин ҳама иттиҳомрот рад карда гуфтааст, ки ҳама гуна ҳамла ба як “чанги сартосарӣ” бо Теҳрон табдил мешавад. Вале бо вуҷуди муттаҳам кардани Эрон, Помпео гуфтааст, ки ИМА хостори ҳалли сулҳомези қазия мебошад.

Гузоришҳои видеоӣ

"Мурдаҳоро шабона мегӯронем, то мардум набинад"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:47 0:00
XS
SM
MD
LG