Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ду мақоми маориф ва адлияи Тоҷикистон дар фасодкорӣ гумонбар шуданд


Оҷонсии мубориза бо фасоди Тоҷикистон нисбати Раҷабалӣ Сангов, сардори шӯъбаи таъминоти ҳуқуқӣ ва котиботи Вазорати маориф ва илми кишвар парвандаи ҷиноӣ боз намудааст.

Дар ин бора Оҷонсии мубориза бо фасод, рӯзи 19-уми сентябр тариқи сомонаи расмии худ хабар дода, гуфтааст, ҳамроҳ бо Сангов, Мадина Шарипова, корманди Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлия ва шаҳрванд Матлуба Ахмедова низ барои қаллобӣ гумонбар мешаванд.

Оҷонсӣ навиштааст, ки “Мадина Шарипова бо маслиҳати пешакӣ бо шаҳрванд Матлуба Ахмедова ва Раҷабалӣ Сангов тахминан моҳҳои январ-марти имсол аз шаҳрванд “А” барои ба Донишгоҳи технологии Тоҷикистон барқарор намуданаш маблағи 1500 доллари ИМА талаб карда гирифта, байни худ тақсим намуданд”.

Ба иттилои Оҷонсии мубориза бо фасод, нисбати гумонбарон бо моддаи 247 қисми 3, банди “а”-и Кодекси ҷиноӣ парванда боз шуда, тафтишот идома дорад.

То ҳол маълум нест, ки назари худи гумонбарон ва ҳам наздикони онҳо ба ин қазия чист ва оё худи онҳо дар озодӣ ҳастанд ваё дар боздошт. Инчунин маълум нест, ки то куҷо ин нафарон бо вакили дифоъ таъмин шудаанд.

Мақомоти оҷонсии зиддифасод дар сӯҳбати телефонӣ бо Радиои Озодӣ аз шарҳи бештари мавзӯъ худдорӣ карда гуфтанд, ки бо сабаби вуҷуди "сирри тафтишот" ҷузъиёти аз ин беш нашр намешавад.

Коррупсия ва фасод яке аз масоили доғи ҷомеаи Тоҷикистон ба ҳисоб меравад, вале ҷомеаи шаҳрвандӣ ва журналистон бисёр вақт мақомоти зиддифасодро барои он интиқод мекунанд, ки "дунболи моҳичаҳои хурд" мегарданд ва мубориза бо фасодхоронро дар сатҳи поини сохторҳои давлатӣ маҳдуд кардаанд. То ҳол дар Тоҷикистон ҳодисаи боздошту таҳқиқи мансабдорони баландпояи фасодхор мушоҳида нашудааст.

XS
SM
MD
LG