Вазири корҳои хориҷии Амрико Майк Помпео мегӯяд, Иёлоти Муттаҳида “ҳуқуқи Риёзро барои худдифоӣ” пас аз як ҳамла ба саноати нафтиаш, ки Вашингтон Эронро ба он айбдор кардааст, дастгирӣ мекунад.
Помпео рӯзи 19-уми сентябр пас аз вохӯрӣ бо шоҳзодаи Арабистони Саудӣ дар Твиттер навишт, “ба рафтори таҳдидомези Эрон намешавад тоқат кард”.
Изҳороти Помпео ва мулоқоти ӯ бо шоҳзода Муҳаммад бин Салмон ҳангоме рӯй медиҳад, ки кашмакашҳо дар ин минтақа пас аз ҳамлаи 14-уми сентябр ба бузургтарин маҷмааи истихроҷи нафти Арабистони Саудӣ, ба авҷи нав расидаанд.
Шӯришгарони ҳусии Яман, ки аз тарафи Эрон пуштибонӣ мешаванд, пештар гуфта буданд, дар паси ҳамла ҳастанд. Аммо Вашингтон ва Риёз рӯирост Теҳронро айбдор мекунанд. Арабистони Саудӣ 18-уми сентябр порчаҳои бесарнишин ва мушакҳоеро намоиш дод, ки гӯиё нишон медиҳад ин ҳамла "ҳатман аз ҷониби Эрон сарпарастӣ карда шудааст."
Вақте дар бораи интиқоми низомӣ пурсиданд, сафири Арабистони Саудӣ дар Олмон дар мусоҳиба бо радиои Deutschlandfunk рӯзи 19-уми сентябр гуфт, "ҳама чиз дар рӯи миз аст."
Вазири корҳои хориҷии Фаронса Жан-Ив Ле Дриан гуфтааст, ба даъвои шӯришиёни Яман "бовар надорад", гарчанде вай ҳушдор додааст, ки ҷаҳон бояд натиҷаҳои "пажуҳиши байналмилалиро" интизор шавад, то он даме ки гуноҳи онҳо муайян карда нашавад.