Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кушта шудани даҳҳо нафар дар ҳамлаҳои Зобулу Нангарҳор. САДО


Рӯзи 19-уми сентябр дар як ҳамлаи ҳавоӣ ва таркиши мошини бомбгузоришуда дар вилояти Нангарҳор ва Зобули Афғонистон даҳҳо нафар кушта ва маҷрӯҳ шудаанд.

Манобеи расмӣ гуфтаанд, дар ҳамлаи ҳавоии нерӯҳои афғон дар вилояти Нангарҳор камаш 30 коргар ҷон бохтааст.

Се мақоми давлатӣ гуфтанд, ин ҳамлаи ҳавоӣ барои аз байн бурдани махфигоҳи ҷангҷӯёни гуруҳи тундрави "Давлати исломӣ" буд, аммо тасодуфан деҳқононро ҳадаф қарор дод. Суҳроб Қодирӣ, узви шӯрои вилоятии Нангарҳор гуфт, дар ҳамлаи ҳавопаймои бидуни сарнишин ҳадди ақал 40 тани дигар захмӣ шудаанд.

Вазорати дифои Афғонистон ҳодисаро тасдиқ кард, аммо тафсилот надод. Нерӯҳои байналмилалӣ дар Ағфонистон низ дар ин бора изҳори назар накардаанд.

Ҳамлаи ҳавоӣ ва таркиши мошин дар Афғонистон даҳҳо нафарро кушт
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:05 0:00
Линки мустақим


Дар ҳамин ҳол, мақомоти Афғонистон гуфтанд, рӯзи панҷшанбе як таркиши мошини бомбгузоришуда дар вилояти Зобул камаш 20 нафарро кушта, 100 тани дигарро маҷруҳ кардааст.

Хабарнигори бахши афғонии Радиои Озодӣ аз ҷойи ҳодиса гуфт, таркиши худрави ҳомили маводи тарканда дар назди бемористони шаҳри Қалот рух дод. Ҳадафи ҳамла бинои раёсати амнияти миллӣ гуфта мешавад.

Ба гуфтаи хабарнигори Радиои Озодӣ, ба шифохонаи маркази шаҳри Қалот, ки дар наздикии ҷойи ҳодиса воқеъ аст, зарари зиёд расидааст ва бештари қурбониёни ҳодиса низ беморону кормандони шифохона ҳастанд.

Захмиҳоро ба беморхонаҳои дигар бурдаанд.

Гуруҳи Толибон масъулияти таркишро ба уҳда гирифта, иддао кард, ки “дар натиҷаи ҳодиса нерӯҳои амниятии Афғонистон талафоти сангин дидаанд”.

Ин ҳамлаҳо дар ҳоле сурат гирифт, ки то баргузории интихоботи президентии Афғонистон беш аз як ҳафтаи дигар мондааст. Толибон гуфта буданд, ки барои баргузории ин интихобот “халал мерасонанд”.

Ҳамчунин ду ҳафта пеш музокироти сулҳи Амрико бо Толибон қатъ шуд. Қарор аст, рӯзи 19-уми сентябр Залмай Халилзод, фиристодаи Амрико барои сулҳи Афғонистон, дар Конгресс дар мавриди музокирот бо Толибон суҳбат кунад.

XS
SM
MD
LG