Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

О’Брайен мушовири амнияти миллии Кохи Сафед таъйин шуд


Доналд Трамп, президенти Амрико
Доналд Трамп, президенти Амрико

Доналд Трамп, президенти Амрико, гуфт, ки Роберт О’Брайенро ба ҷойи Ҷон Болтон ба вазифаи мушовири амнияти миллии Кохи Сафед таъйин кардааст.

Ӯ рӯзи 18-уми сентябр дар Твиттер навишт, "ман бо Роберт бисёр ва сахт меҳнат кардам. Ӯ кори бузургеро ба анҷом мерасонад!"

О'Брайен ҳоло намояндаи президент оид ба кори гаравгонҳо дар Департаменти давлатии Амрико мебошад.

Доналд Трамп рӯзи 10-уми сентябр баъди аз вазифа сабукдӯш кардани Болтон як мушовири нави амнияти миллиро ҷустуҷӯ дошт. Ба гуфтаи Трамп, ӯ ва Болтон дар бисёр масъалаҳо "бо таври сахт мухолиф буданд".

Ҷон Болтон, ки моҳи январи соли 2017 ҳамчун мушовири сеюми амнияти миллӣ ба кор сар карда буд, гуфт, пеш аз он ки президент ӯро аз вазифа барканор кунад, истеъфои худро ба вай пешниҳод кард.

Қаблан аз Рики Вадделл -- муовини мушовири амнияти миллӣ, Кит Келлог -- ёвари амниятии ноиби президент, Фред Флейтз -- корманди пешинаи CIA ва Лиза Гордон-Ҳагерти -- ҷонишини вазири амнияти атомии Вазорати энергетика ҳамчун номзадҳои эҳтимолӣ ба вазифаи мушовири амнияти миллӣ ном бурда мешуд.

Мушовири амнияти миллӣ ниёзе ба тасдиқи сенати Амрико надорад. Вай дар бораи масъалаҳои мудофиа, амният ва дипломатия маслиҳатҳо медиҳад ва баландтарин вазифа дар Кохи Сафед оид ба амнияти миллӣ мебошад.

XS
SM
MD
LG