Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷамшед Исоев қаҳрамони шоҳмоти Осиё шуд


Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.

Ҷамшед Исоев, шатранҷбози маъруфи тоҷик, дар мусобиқоти даҳуми қаҳрамонии шоҳмоти Осиё миёни калонсолон, ки рӯзҳои 8-18 сентябр дар шаҳри Алматии Қазоқистон баргузор шуд, оид ба блитс ё шоҳмоти барқвор медали тилло ба даст овард.

Дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё оид ба шоҳмоти классикӣ, рапид ё шоҳмоти фаврӣ ва блитс ё шоҳмоти барқвор 70 шатранҷбоз аз 16 кишвар мувофиқи синашон дар ду гурӯҳ - аз 50-сола боло ва аз 65-сола боло - рақобат карданд.

Устоди байналмилалӣ Ҷамшед Исоев танҳо варзишгаре буд, ки дар ин мусобиқот Тоҷикистонро намояндагӣ кард. Ӯ дар миёни шатранҷбозони аз 50-сола боло оид ба блитс мақоми аввалро касб намуд.

Ҷамшед дар 9 бозӣ 8 имтиёз ба даст овард. Вай дар 7 бозӣ бар шатранҷбозони Қазоқистон (4 нафар), Эрон, Сурия, Қирғизистон пирӯз шуда, ду бозиро бо намояндагони Қазоқистону Қирғизистон бо натиҷаи мусовӣ анҷом дод.

Дар ин навъи рақобатҳо Азиз Умарбеков аз Қирғизистон бо 8 имтиёз ҷойи дувум ва Серикбой Темурбоев аз Қазоқистон ҷойи севумро соҳиб шуданд.

Ҳамчунин қаҳрамони Тоҷикистон дар соли 2019 Ҷамшед Исоев дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё дар Алматӣ оид ба шоҳмоти классикӣ бо 5 имтиёз ҷойи 9-ум ва оид ба рапид бо 4 имтиёз ҷойи 16-умро ишғол кард.

Ба шатранҷбозоне, ки дар гурӯҳи аз 50-сола боло ҷойҳои аз 1-ум то 6-ум ва дар гурӯҳи аз 65-сола боло ҷойҳои аз 1-ум то 5-умро гирифтанд, ҷоизаҳои молӣ ба маблағи аз 100 то 500 доллари ИМА тақдим гардид.

Ғолибону ҷоизадорони мусобиқот миёни мардон

Рапид «65+»:

1. Нукин Толеген (Павлодар, Қазоқистон)
2. Примбетов Марат (Алматӣ, Қазоқистон)
3. Хусаинов Ҳаниф (Кокшетау, Қазоқистон)

Рапид «50+»

1. Темирбоев Серикбой (Кокшетау, Қазоқистон )
2. Головчук Олег (Қӯстанай, Қазоқистон)
3. Мин Валерий (Уралск, Қазоқистон)

Классикӣ «65+»

1. Нукин Толеген (Павлодар, Қазоқистон)
2. Кашкаров Михаил (Павлодар, )
3. Хусаинов Ҳаниф (Кокшетау, Қазоқистон)

Классикӣ «50+»

1. Ал-Заим Талал (Сурия)
2. Темирбоев Серикбой (Кокшетау, Қазоқистон)
3. Асанов Алмаз (Қизил-Урда, Қазоқистон)

Блитс «65+»

1. Сиздиков Собир (Алматӣ, Қазоқистон)
2. Сидоров Сергей (Алматӣ, Қазоқистон)
3. Примбетов Марат (Алматӣ, Қазоқистон)

Блитс «50+»

1. Исоев Ҷамшед (Душанбе, Тоҷикистон)
2. Умарбеков Азиз (Бишкек, Қирғизистон)
3. Темирбоев Серикбой (Кокшетау, Қазоқистон)

Дар сабқати занони аз 50-сола боло Елена Анкудинова (Павлодар), Миллиган Элен (Веллингтон, Зеландияи Нав) ва Нургул Иланбекова (Тараз, Қазоқистон), дар миёни занони аз 65-сола боло Надежда Искичекова, Пану Абдикасова (ҳарду аз Алматӣ) ва Зинаида Ягунова (Уст-Каменогорск, Қазоқистон) ғолиб шуданд.

XS
SM
MD
LG