Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ишқобод: Занон ҳақ надоранд аз хиёбони марказӣ бо мошин гузаранд


Пулиси роҳи шаҳри Ишқободи Туркманистон ҳуҷҷатҳои ронандагии занҳоеро мегирад, ки аз кӯчаи марказии шаҳр - хиёбони Туркманбошӣ убур мекунанд. Дар ин бора хабарнигори бахши туркмании Радиои Озодӣ иттилоъ медиҳад.

"Занҳои пушти фармони мошинро ба таври саросарӣ дар кӯчаи марказии шаҳр, наздикии Қасри президент ва биноҳои марказии Шаҳраки олимпӣ боз дошта, ҳуҷҷатҳои ронандагиашонро мегиранд ва мошинҳояшонро ба ҷаримагоҳ мебаранд", - гуфт хабарнигор.

"Аммо бархе аз нозирони роҳ занҳоро огоҳ мекунанд, ки аз кӯчаи марказӣ убур накунанд", - афзуд хабарнигор.

Нозирони роҳ гуфтанд, сар аз оғози моҳи сентябр убури занҳои пушти фармони мошин аз кӯчаи марказӣ манъ шудааст, вале бисёриҳо дар ин бора замоне огоҳ мешаванд, ки нозирон онҳоро боз медоранд.

Аз оғози соли ҷорӣ занҳои ронанда дар Туркманистон борҳо шикоят карданд, ки нозирони роҳ ҳуҷҷатҳои ронандагиашонро меситонанд ва ё ба маҳзи тамом шудани муҳлати ҳуҷҷатҳои пешин, ҳуҷҷати нав намедиҳанд. Ин дар ҳолест, ки қонунгузории Туркманистон баробарҳуқуқии зану мардро кафолат медиҳад.

XS
SM
MD
LG