Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

CPJ ба озодии фаврии блогнависи узбек даъват кард


Кумитаи ҳимоят аз рӯзноманигорон (Committee to Protect Journalists, CPJ) рӯзи 16-уми сентябр ба раҳоии фаврии блогнависи узбекистонӣ даъват кард, ки баъди танқиди президенти Узбекистон 10 сол зиндонӣ шуд.

Мақомоти он кишвар Нодирбек Ҳоҷиматовро 12-уми сентябр ҳабс ва дар таҳқири президент Шавкат Мирзиёев айбдор карданд. Бар асоси қонунгузорӣ, ин навъи қонунвайронкунӣ то 950 доллар ҷарима дорад, на зиндон.

Ҳоҷиматов бо нашри номае ба унвонии президент, ба таҳқиқи фасодкории ду мансабдори маҳаллӣ даъват кард. Блогнавис дар номааш навишт, ки ҳокимони вилоятҳои Андиҷон ва Шаҳрихони Узбекистон сазовори мукофотҳои президентие нестанд, ки ахиран ба онҳо дода шуд.

"Дар солҳои охир мақомоти Узбекистон барои беҳсозии вазъи озодии матбуот иқдомҳои зиёде карданд. Вале сарфи назар аз ин, зиндонӣ шудани Нодирбек Ҳоҷиматов нишони он аст, ки танқид ҳамоно ҷазо дар пай дорад. Ҳоҷиматов бояд фавран озод шавад ва имкони амалӣ кардани ҳуқуқҳои конститутсиониашро дошта бошад", - гуфт ҳамоҳангсози барномаҳои CPJ Гулноза Саид.

XS
SM
MD
LG