Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нурсултон: Ҷавон бо айби таҷовузи дастаҷамъии маъшуқааш 11 сол зиндонӣ шуд


Дар шаҳри Нурсултони Қазоқистон додгоҳ Шокан Абилқосимовро бо айби таҷовузи дастаҷамъии дӯстдухтари пешинаш 11 сол зиндонӣ кард. Айбдоршаванда даст доштанашро дар ин ҷиноят рад мекунад.

Шокан Абилқосимови 28-сола дар таҷовузи дастаҷамъии Саина Раисова айбдор шуд. Додгоҳ ҳамчунин ӯро вазифадор кард, ки наздики 3900 доллар ҷуброн пардозад.

Зимистони соли 2018 дӯсти Абилқосимов - Марат Идрисов низ дар доираи ҳамин парванда 10 сол зиндонӣ шуда буд. Додгоҳ ӯро низ ба пардохти ҷуброни зарари маънавӣ дар ҳаҷми наздики 2,5 ҳазор доллар вазифадор кард.

Саина Раисова дар иҳотаи мақомоти қудратӣ ба додгоҳ ҳозир шуд. Шокан Абилқосимов баъди қироати ҳукм фарёд кард, ки духтарро таҷовуз накардааст.

"Ман ӯро таҷовуз накардаам. Ман бо ӯ ним сол зиндагӣ кардам. Бо вай пеш аз хабар доданаш дар бораи таҷовуз, робитаҳои маҳрамона доштам. Ман намехоҳам, ки фарзандони ман маро ҳамчун таҷовузгар бидонанд. Вай аз ман манзил хост, пул хост. Ман дигар ҳарфи гуфтанӣ надорам", - афзуд Абилқосимов.

Шокан Абилқосимов, ки ду сол дар пайгарди байналхалқӣ буд ва моҳи марти соли 2018 дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон боздошт шуд, ду фарзанди ноболиғ дорад, ки дар тарбияи ҳамсари пешинаш ҳастанд.

Ба иттилои созмонҳои иҷтимоӣ, дар шаш моҳи соли ҷорӣ дар Қазоқистон наздики 800 зан хушунати ҷинсӣ дидааст.

XS
SM
MD
LG