Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Футболбозон Кокорин ва Мамаев аз зиндон озод шуданд


Саҳнаи аз зиндон озод шудани Кокорин ва Мамаев
Саҳнаи аз зиндон озод шудани Кокорин ва Мамаев

Футболбозони русе, ки соли гузашта баъди як муноқиша дар тарабхона зиндонӣ шуданд, пеш аз мӯҳлат ба озодӣ баромаданд. Вакили дифои ӯ Юрий Падалко гуфт, футболбоз Александр Кокорин як рӯз пеш аз озод шуданаш аз зиндон бо клуби “Зенит” созишномаи нави ҳамкорӣ имзо кард, хабар дод. “Футболбозон дар озодӣ ҳастанд. Мамаев корашро бар асоси созишномаи амалкунандаи “Краснодар” идома медиҳад, Кокорин бо “Зенит” созишномаи нав имзо кард”, гуфт вакили дифоъ.

Футболбозон Павел Мамев, Александр Кокорин ва бародари хурдии ӯ Кирилл субҳи имрӯз аз зиндони вилояти Белгород пеш аз мӯҳлат озод шуда ба хона баргаштанд. Вакил гуфт, ки онҳо то моҳҳои ноябр-декабр зери назари полис хоҳанд монд.

Футболбозон октябри соли 2018 баъди ду занозанӣ дар маркази Маскав ба зиндон маҳкум шуданд. Дар ҳодисаи аввал дар назди меҳмонхонаи “Пекин” ба ронандаи мошини "Мерседес"-и як корманди шабакаи аввали телевизион ҳамла карда, шишаҳои мошинро ҳам шикастанд ва каме баъд дар тарабхона раиси департаменти вазорати савдоро латукӯб карданд. Моҳи май додгоҳи Пресненскии Маскав Мамаевро ҳардуро ба мӯҳлати 1 солу 5 моҳи зиндони низомаш умумӣ маҳкум кард. Онҳо аз оғози июл то имрӯз дар зиндон нигаҳдорӣ шуданд.

XS
SM
MD
LG