Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мунтахаби Тоҷикистон (U-15) дар қаҳрамонии CAFA севум шуд


Дастаи мунтахаби духтарони зери 15-солаи Тоҷикистон дар мусобиқоти қаҳрамонии Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) барандаи медалҳои биринҷӣ гардид.

Дар ин мусобиқот, ки аз аз 13 то 16-уми сентябр дар шаҳри Тошканд баргузор шуд, дастаҳои мунтахаби духтарони зери 15-солаи Қирғизистон, Тоҷикистон, Узбекистон ва Эрон ширкат доштанд.

Ба иттилои дафтари матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон, футболбоздухтарони тоҷик аз се бозӣ дар яктоаш бар дастаи мизбон – Узбекистон – бо ҳисоби 2:0 пирӯз шуда, дар ду бозӣ аз тими Эрон бо ҳисоби 0:4 ва мунтахаби Қирғизистон бо ҳисоби 1:6 шикаст хӯрданд.

Мунтахаби Эрон, ки дар ҳарсе бозиаш пирӯз шуд, ғолиби мусобиқоти қаҳрамонии Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) гардид. Ба дастаи ғолиб ҷому медалҳои тилло супурда шуд. Медалҳои нуқра бо шаш имтиёз насиби мунтахаби Қирғизистон гардид.

Ҷоизаи «Fair Play» (“Бозии шаффоф”) ба мунтахаби Қирғизистон супурда шуд. Ҷоизаи вижа ба мунтахаби Узбекистон тақдим гардид. Ҷоизаи беҳтарин нишонзан ба бозигари мунтахаби Қирғизистон Аина Каратаева ва ҷоизаи бозигари аз ҳама судманд ба Зулфӣ Муқаддасӣ аз тими Эрон эҳдо шуд.

Мусобиқоти қаҳрамонии CAFA-2019 миёни дастаҳои мунтахаби духтарони зери 15-сола

Даври 1-ум

13-уми сентябр (ҷумъа)

Узбекистон – Қирғизистон – 2:6

Эрон – Тоҷикистон – 4:0

Даври 2-юм

14-уми сентябр (шанбе)

Қирғизистон – Эрон – 0:1

Тоҷикистон – Узбекистон – 2:0

Голҳо: Рухшона Файзуллоева, 2 (1:0). Рухшона Файзуллоева, 35+3 (2:0).

Даври 3-юм

16-уми сентябр (душанбе)

Тоҷикистон – Қирғизистон – 1:6

Голи Тоҷикистон: Малика Қаюмова.

Узбекистон — Эрон – 2:3

Мақеи дастаҳои мунтахаб дар ҷадвали мусобиқот

Ҷ

Дастаҳои мунтахаб

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

Эрон

3

3

0

0

8-2

9

2

Қирғизистон

3

2

0

1

12-4

6

3

Тоҷикистон

3

1

0

2

3-10

3

4

Узбекистон

3

0

0

3

4-11

0

XS
SM
MD
LG