Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

8 голи беҷавоби мунтахаби наврасони Тоҷикистон ба дарвозаи Шри-Ланка


Дастаи мунтахаби наврасони зери 16-солаи футболи Тоҷикистон дар нахустин бозиаш дар марҳилаи интихобии қаҳрамонии Осиё-2020 бар мунтахаби наврасони Шри-Ланка бо ҳисоби бузурги 8:0 пирӯз шуд.

Ин бозии гурӯҳи “А” шоми душанбеи 16-уми сентябр дар шаҳри Зарқаи Урдун, дар Варзишгоҳи байналмилалии Шоҳзода Муҳаммад доир гардид. Абдулфаттоҳ Худойдодзода чаҳор гол, Муҳаммадворис Сайдалиев, Хусрав Тоиров, Кабир Салимшоев ва Фахриддин Аҳтамов якголӣ ба самар расониданд.

Мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) бо раҳбарии сармураббӣ Аҳлиддин Турдиев бозии дувумашро дар марҳилаи интихобии қаҳрамонии Осиё-2020 дар гурӯҳи “А” рӯзи чоршанбеи 18-уми сентябр бо мунтахаби Кувайт баргузор мекунад.

Бояд гуфт, ки аз рӯи натиҷагирии марҳилаи интихобӣ ғолибони 11 гурӯҳ ва чаҳор дастаи беҳтарини ҷойҳои дувуми гурӯҳҳо ба қисми ниҳоии қаҳрамонии Осиё-2020 роҳхат мегиранд.

Марҳилаи интихобии қаҳрамонии Осиё-2020 миёни дастаҳои наврасони зери 16-сола

Гурӯҳи «А»

Даври 1-ум
Непал – Урдун – 0:7
Кувайт – Шри Ланка – 2:0

Даври 2-юм
Шри-Ланка – Тоҷикистон – 0:8
Голҳо: Муҳаммадворис Сайдалиев, 17 (0:1). Хусрав Тоиров, 22 (0:2). Абдулфаттоҳ Худойдодзода, 25 (0:3). Абдулфаттоҳ Худойдодзода, 34 (0:4). Кабир Салимшоев, 40 (0:5). Абдулфаттоҳ Худойдодзода, 60 (0:6). Абдулфаттоҳ Худойдодзода, 68 (0:7). Фахриддин Аҳтамов, 88 (0:8).

Кувайт – Непал – 1:1

Мавқеи дастаҳо дар гурӯҳи “А”

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

Кувайт

2

1

1

0

3-1

4

2

Тоҷикистон

1

1

0

0

8-0

3

3

Урдун

1

1

0

0

7-0

3

4

Непал

2

0

1

1

1-8

1

5

Шри-Ланка

2

0

0

2

0-10

0

Даври 3-юм
18 сентябр (чоршанбе)
19:00. Тоҷикистон – Кувайт
22:00. Урдун – Шри-Ланка

Даври 4-ум
20 сентябр (ҷумъа)
19:00. Урдун – Кувайт
22:00. Непал – Тоҷикистон

Даври 5-ум
22 сентябр (якшанбе)
19:00. Шри-Ланка – Непал
22:00. Тоҷикистон – Урдун

Эзоҳ: Замони оғози бозиҳо - бо вақти Душанбе.

XS
SM
MD
LG