Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷузъиёти қатли ҳамҷинсгарои узбекро нашр кардаанд


Шавкат Шокиров
Шавкат Шокиров

Раёсати умури дохилии шаҳри Тошканд ҷузъиёти қатли як ҷавони ҳамҷинсгароро нашр кард ва гуфт, ки як нафарро бо иттиҳоми даст доштан дар ин ҷиноят боздошт кардааст.

Дар баёнияи расмии раёсат аз рӯзи 14-уми сентябр омадааст, Шокир Шавкатовро фарде бо номи Одилҷон рӯзи 11-уми сентябр баъд аз муноқишае дар хонаи иҷораи ӯ куштааст.

Аз ин пеш дӯстони Шокир Шавкатов ба бахши узбекии Радиои Озодӣ гуфтанд, ки рӯзи маргаш ӯро ду марди тақрибан 40-солае, худро маъмурони милиса муаррифӣ карда, аз як клуби шабонае бурданд.

Баъдан ҷасади ӯро бо осори захми кор дар хонаи иҷорааш ёфтаанд. Дӯстонаш гуфтаанд, ки қатли Шокир ба тамоюли ҷинсии ӯ иртибот дорад, чун ӯ қабл аз маргаш дар Инстаграм дар бораи ҳамҷинсгароиаш ошкоро сӯҳбат кардааст.

Раёсати умури дохилии Тошканд гуфтааст, ки зоҳиран Шавкат Шокиров бо қотили эҳтимолӣ иртиботи ҷинсӣ доштааст. Ба гуфтаи раёсат, ба зидди ҷавони 28-сола бо иттиҳоми қатл парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд.

Дар Узбекистон барои “ҳамҷинсгароӣ” ҷазо таъйин шудааст ва барои ин “гуноҳ” то се соли зиндон ҷазо медиҳанд.

XS
SM
MD
LG