Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Буҷавиҳо"-и Узбекистонро маҷбурӣ ба пахтазор мебаранд


Дар баъзе аз ноҳияҳои Узбекистон маъракаи ҷамъоварии ҳосили пахта оғоз шуд. Кормандони баъзе аз муассисаҳои давлатӣ бо вуҷуди ваъдаи мақомоти узбек, ки имсол касеро маҷбуран ба пахтачинӣ намебаранд, ба пахтазор сафарбар шуданд.

Кормандони бархеи муассисаҳои давлатии вилояти Андиҷон 14-уми сентябр дастаҷамъона ба пахтазор сафарбар шуданд. Аз онҳо маҷбуран баёнот гирифта шудааст, ки "бо хоҳиши худ пахта мечинанд".

"Моро маҷбур карданд, имзо гузорем, ки ихтиёран ба пахтазор меравем", - гуфт як ҳамсуҳбати мо. Ӯ барои тасдиқи гуфтаҳояш нусхаи номаи раҳбари худро фиристод, ки дар он омадааст, "ҳамкорони гиромӣ, имрӯз ба ҷои кор омада, имзо гузоред, ки бо хоҳиши худ дар маъракаи ҷамъоварии пахта иштирок мекунед".

Кормандони ширкати "Фарғонаазот" мегӯянд, таҳдид шудаанд, ки дар сурати нарафтан ба пахтачинӣ ҷойи кори худро аз даст медиҳанд. "Ё имзо мегузоред, ки бо хоҳиши худ ба пахтачинӣ меравед ё бо ҷойи коратон хайрухуш мекунед", - афзуд вай.

Кормандони Бахши "Бонки мардумӣ"-и Узбекистон дар вилояти Намангон низ ба пахтачинӣ сафарбар шудаанд.

Донишомӯзони Донишкадаи низомиву техникии Горди миллӣ, Академияи Вазорати умури дохилӣ ва Донишкадаи низомиву гумруки Узбекистон низ ҳафтаи гузашта хабар доданд, ки иҷборан ба пахтачинӣ ҷалб мешаванд.

Ёдрас мешавем, президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев дар ҷаласаи 12-уми августи худ ҷалби хонандагон, донишҷӯён ва кормандони муассисаҳои давлатиро ба пахтачинӣ расман манъ кард. Ин дастури Мирзиёев пас аз он содир шуд, ки Вазорати меҳнати ИМА Узбекистонро аз рӯйхати кишварҳои истифодабарандаи неруи кӯдакон ва меҳнати иҷборӣ дар истеҳсоли маҳсулот берун кард.

XS
SM
MD
LG