Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ба "Истиқлол" барои қаҳрамонӣ ду қадам мондааст


Акс аз сомонаи ФФТ
Акс аз сомонаи ФФТ

Мусобиқоти қаҳрамонии футболи Тоҷикистон баъди танаффуси сеҳафтаина, ки ба ширкати мунтахаби миллии кишвар дар бозиҳои интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2022 рабт дошт, аз нав идома ёфт.

Дар бозии марказии даври чордаҳуми мусобиқоти лигаи олӣ "Истиқлол"-и Душанбе 15-уми сентябр дар меҳмонӣ "Регар-ТадАЗ"-и Турсунзодаро бо ҳисоби 3:2 шикаст дод. Голҳои Муҳаммадҷон Раҳимов, Алишер Ҷалилов ва Комрон Турсунов ба "Истиқлол" се имтиёз овард.

Дар бозии дигар "Хатлон"-и Бохтар "Хуҷанд"-и шаҳри Хуҷандро бо ҳисоби 2:0 мағлуб кард. Голҳоро Эҳсон Бобоев ва Аҳтам Ҳамроқулов ба самар расониданд.

ССКА "Помир"-и Душанбе дар майдони худ ба "Кӯктош"-и Рӯдакӣ бо ҳисоби 3:2 ғалаба кард. Ду голи Комрони Мирзохон ва як голи Принс Артур ба бошгоҳи низомиён се имтиёз овард.

"Истаравшан"-и шаҳри Истаравшан дар майдони худ "Панҷшер"-и Ҷалолиддини Балхиро бо ҳисоби 3:2 мағлуб намуд. Дар ҳайати дастаи ғолиб Фирӯз Қараев ду гол ва Диловар Бойқузиев як гол заданд.

Ба ин тартиб, баъди натиҷагирии ду давраи мусобиқот дар ҷадвал "Истиқлол" бо 38 имтиёз дар ҷойи аввал аст. "Хуҷанд" бо 18 имтиёз дар ҷойи дувум қарор дорад.

Ҳамакнун барои он ки "Истиқлол" барои бори нуҳум ба унвони қаҳрамони Тоҷикистон даст ёбад, аз ҳафт бозии боқимонда дар дутоаш пирӯз шудан кофист.

Мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон. Лигаи олӣ. Даври 14-ум

ССКА "Помир" – "Кӯктош" – 3:2

Голҳо: Комрони Мирзохон, 28 (1:0). Бахтиёр Қаландаров, 47 (1:1). Принс Артур, 59 (2:1). Султоншо Мирзоев, 75 (2:2). Комрони Мирзохон, 90 (3:2).

Беҳтарин бозигари дидор: Комрони Мирзохон (ССКА "Помир").

Сардовар: Хуршед Дадобоев (Хуҷанд).

14-уми сентябр. Душанбе. Варзишгоҳи КМВА-и Вазорати мудофиаи ҶТ. 1000 тамошогар.

"Истаравшан" – "Панҷшер" – 3:2

Голҳо: Шарифҷон Қодиров, 3 (0:1). Фирӯз Қараев, 7 (1:1). Диловар Бойқузиев, 21 (2:1). Хуршед Абдуллоев, 52 (2:2). Фирӯз Қараев, 61 (3:2).

Беҳтарин бозигари дидор: Фирӯз Қараев ("Истаравшан").

Сардовар: Беҳрӯз Муртазоев (Душанбе).

14-уми сентябр. Истаравшан. Варзишгоҳи марказӣ. 6000 тамошогар.

"Регар-ТадАЗ" – "Истиқлол" – 2:3

Голҳо: Муҳаммадҷон Раҳимов, 33 (0:1). Алишер Ҷалилов, 54 (0:2). Комрон Турсунов, 57 (0:3). Диловаршо Ғаниев, 72 (1:3). Акбар Бобомуродов, 77 (2:3).

Беҳтарин бозигари дидор: Алишер Ҷалилов ("Истиқлол").

Сардовар: Сайёдҷон Зайниддинов (Душанбе).

15-уми сентябр. Турсунзода. Варзишгоҳи «ТАЛКО-Арена». 3000 тамошогар.

"Хатлон" – "Хуҷанд" – 2:0

Голҳо: Эҳсон Бобоев, 55 (1:0). Аҳтам Ҳамроқулов, 72 (2:0).

Беҳтарин бозигари дидор: Аҳтам Ҳамроқулов ("Хатлон").

Сардовар: Абдулло Давлатов (Шаҳринав).

15-уми сентябр. Ҷалолиддини Балхӣ. Варзишгоҳи ба номи Уктам Маматов. 1000 тамошогар.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқот

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

«Истиқлол» (Душанбе)

14

12

2

0

41-9

38

2

«Хуҷанд» (Хуҷанд)

13

6

2

5

22-14

20

3

«Кӯктош» (Рӯдакӣ)

14

5

4

5

20-19

19

4

«Регар-ТадАЗ» (Турсунзода)

14

5

4

5

22-22

19

5

«Хатлон» (Бохтар)

14

5

3

6

16-19

18

6

ССКА «Помир» (Душанбе)

14

5

3

6

15-20

18

7

«Истаравшан» (Истаравшан)

13

4

2

7

12-21

14

8

«Панҷшер» (Ҷалолиддини Балхӣ)

14

2

2

10

10-34

8

Нишонзанҳо: Шериддин Бобоев ("Истиқлол") – 9 тӯб, Алишер Ҷалилов ("Истиқлол"), Нозим Бобоҷонов ("Регар-ТадАЗ") – 7-тӯбӣ, Дилшод Восиев, Турсуналӣ Рустамов (ҳарду аз "Хуҷанд"), Муҳиддин Одилов ("Кӯктош"), Шерзод Маҳамадиев ("Регар-ТадАЗ") – 6-тӯбӣ, Шодибек Ғаффоров (ССКА "Помир"), Эҳсони Панҷшанбе, Муҳаммадҷон Раҳимов (ҳарду аз "Истиқлол") – 5-тӯбӣ.

Даври 15-ум

18-уми сентябр (чоршанбе)

Оғози бозиҳо – соати 16:00

"Истиқлол" – "Хатлон"

"Истаравшан" – ССКА "Помир"

"Кӯктош" – "Хуҷанд"

"Регар-ТадАЗ" – "Панҷшер"

XS
SM
MD
LG