Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мирзо Боқӣ, шоир ва файласуфи тоҷик, дар 74-солагӣ даргузашт


Мирзо Боқӣ
Мирзо Боқӣ

Мирзо Боқӣ, шоир ва файласуфи тоҷик, рӯзи 15-уми сентябр дар 75-солагӣ дар Душанбе даргузашт. Пайвандонаш гуфтанд, ки бар асоси васияти шоир ӯро дар зодгоҳаш деҳаи Эсизи ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ дафн мекунанд. Мирзо Боқӣ дар Телевизиони Тоҷикистон, нашрияҳои "Маориф ва маданият", "Адабиёт ва санъат", "Омӯзгор" ва маҷаллаи "Маорифи Тоҷикистон" кор кардааст. Аз соли 2002 сармуҳаррири нашриёти "Бухоро" буд. Муаллифи китобҳои "Ҳамосаи модар ва кӯдак", "Нуқтаи нур", "Фурӯғи хирад" ва "Ҷовидоннома" аст. Шоир дар китобҳои худ "инсонро вуҷуди худогоҳ, асил, офаранда, дорои иродаи мустақил ва қудрати хориқулода" тавсиф намудааст.

XS
SM
MD
LG