Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қирғизистон 407 ҳектар заминашро ба Узбекистон дод


Ҳукумати вилояти Ӯши Қирғизистон тасдиқ кард, ки 407 ҳектар замини назди обанбори Керкидани ноҳияи Араванро бар ивази минтақае дар наздикии деҳаи Гулбаар ба Узбекистон доданд.

Сухангӯи ҳукумати вилояти Ӯш Нуркиз Қодирбекқизӣ гуфт, масоҳати заминҳои табодулшуда яксонанд.

Деҳаи Гулбаар дар даромадгоҳи ноҳияи Араван, дар канори роҳе ҷойгир аст, ки ба сӯи шаҳри Ӯш меравад. Аз тарафи рости ин роҳ марзи Узбекистон мегузарад. Замине, ки ба Узбекистон дода шудааст, дар ҳамин минтақа ҷойгир мебошад.

​Қодирбекқизӣ иттилоъ дод, ки табодули заминҳои мазкурро ҷониби Қирғизистон аз қабл пешниҳод карда буд ва намояндагони ду кишвар дар ҷараёни гуфтугӯҳои ахири худ дар ин бора ба созиш расиданд.

Низомиёни Узбекистон рӯзи 10-уми сентябр атрофи минтақаеро дар наздикии обанбори Керкидан девор гирифтанд, ки норозигии сокинони Қирғизистонро ба бор овард. Видеое нашр шуд, ки нишон медиҳад, чанд сокини маҳаллӣ бо низомиён занозанӣ мекунанд ва дар он тарафи марз аз сӯи Узбекистон техникаҳои ҳарбӣ қарор доранд.

Дар натиҷа ҳукумати Араван эълом кард, ки минтақаеро бо Узбекистон табодул карданд ва таъйину аломатгузории марзҳо низ анҷом шудааст.

XS
SM
MD
LG