Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳузури сарбозони амрикоӣ дар марз бо Мексика тамдид мешавад


Намояндаи Вазорати дифои ИМА подполковник Крис Митчелл гуфт, Пентагон дар соли 2020 то 5,5 ҳазор сарбози амрикоиро барои мубориза бо муҳоҷирати ғайриқонунӣ дар марз бо Мексика боқӣ мегузорад. Вазири дифои ИМА рӯзи 11-уми сентябр дархости Вазорати амнияти дохилиро дар ин замина қабул кард.

Ахиран намояндагони ИМА ва Мексика дар шаҳри Вашингтон роҷеъ ба созишномаи муҳоҷират гуфтугӯеро анҷом доданд. Вазири умури дохилии Мексика Марсело Эбрард гуфт, мулоқот "дӯстона" буд. Ба гуфтаи ӯ, ҳарчанд дар робита ба масоили муҳоҷират ба монанди пешин ихтилофи назар вуҷуд дорад, вале вазъи буҳроние, ки миёни ду кишвари ҳамсоя ва шарики тиҷорӣ ба миён омада буд, ҳалли худро ёфт.

Трамп қатъи муҳоҷирати ғайриқонунӣ ба ИМА-ро яке аз самтҳои афзалиятноки маъмурияташ қарор додааст. ИМА сиёсати муҳоҷират ва иқдомҳо зидди муҳоҷирони ғайриқонуниро сахттар мекунад. Мақомоти Амрико моҳи июли соли равон эълом карданд, ки салоҳияти кормандони хадамоти муҳоҷират ба таври назаррас афзоиш дода шуд.

Дар ҳоли ҳозир дар марз бо Мексика беш аз 5 ҳазор сарбози амрикоӣ қарор доранд. Онҳо ба хадамоти марзбонии ИМА кумак мекунанд.

Ахиран Пентагон низ иҷозат дод, ки беш аз 3,5 миллиард доллари ҷудошуда барои сохтмони иншооти низомӣ ба бунёди девор дар марз бо Мексика равона карда шавад.

XS
SM
MD
LG