Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳи Қазоқистон падари кӯдаки захмии пайдошударо 5 сол зиндонӣ кард


Додгоҳи Қазоқистон Мурод Аскароғлу, падари писарбачаи 4-солаеро, ки сокинон як сол пеш дар канори роҳ захмӣ пайдо карда буданд, 5 сол аз озодӣ маҳрум кард. Аскароғлу худро бегуноҳ номида мегӯяд, фарзандашро мошин задааст.

Мурофиаҳои Аскароғлу беш аз якуним сол идома ёфта, ӯ дар сӯиқасд ба ҷони фарзандаш айбдор дониста шуд. Айбдоркунандаи давлатӣ барои гумонбар 11 соли зиндон талаб карда буд.

Муҳаммад Аскароғлуи 4-соларо дар шаҳри Алмато роҳгузарон моҳи июли соли 2017 бо ҷароҳати вазнин аз ноҳияи сараш пайдо карданд.

Сокинони шаҳри Алмато зуд ба ҷустуҷӯи мошине пардохтанд, ки эҳтимол дошт, кӯдакро пахш карда буд. Падари Муҳаммад гуфт, ӯ вақте ба кор мерафт кӯдакҳо дар саҳни бинои зисташон бозӣ мекарданд ва аз ҳодиса дар ҷои кораш огаҳ шуд.

Пас аз оғози тафтишот кормандони ҳифзи ҳуқуқ видеоеро нашр карданд, ки дар он Аскароғлуи калонӣ иқрор мекунад, Муҳаммади 4-соларо худаш латтукӯб кардааст. "Дар ҳолати мастӣ қарор доштам. Одами солим кӯдаки худро дар роҳ намепартояд", - изҳор дошт ӯ.

Вале Аскароғлу дертар дар додгоҳ гуфт, зери фишори муфаттишон айбро ба гардан гирифтааст ва вакили дифои вай низ исрор мекард, ки кӯдакро на падараш, балки мошин задааст.

XS
SM
MD
LG