Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳукумати Австралия боздошти се шаҳрвандаш дар Эронро тасдиқ кард


Ҳукумати Австралия гузоришҳо дар бораи боздошти се шаҳрванди ин кишвар дар Эронро тасдиқ кард ва гуфт, ки ба хонаводаҳои онҳо кӯмак мерасонанд. Вазорати умури хориҷӣ ва тиҷорат рӯзи 11-уми сентябр гуфт, ки ду нафар аз боздоштшудагон тобеияти Бритониёро ҳам доштаанд.

Вазорат аз ин бештар иттилоъ надод, вале чанде аз расонаҳои Австралия ва Бритониё гуфтанд, ки ин афрод чанд муддат аст, ки дар Эрон паси панҷара ҳастанд. Телевизиони АВС- и Австралия гузориш дод, як зане, ки шаҳрвандии Австралия ва Бритониёро дорад, тақрибан як сол мешавад, ки дар зиндон аст. Як хонуми дигар бо айни тобеият ва дӯстписари австралиягиаш 10 ҳафта пеш дастгир шудаанд.

Рӯзномаи “Таймс”-и Бритониё навишт, хонуми аввалӣ, ки пажуҳишгар аст, дар Эрон ба 10 соли зиндон маҳкум шудааст, ҳарчанд иттиҳомот ба зидди ӯ маълум нест. Аммо дар Эрон умдатан бо иттиҳоми ҷосусӣ даҳ сол ба зиндон маҳкум мекунанд. Бино ба гузоришҳо занони хориҷиро дар зиндони Эвин дар Теҳрон нигаҳ медоранд, ки дар онҷо Нозанин Зағарӣ Ратклиф, як шаҳрванди Бритониёву Эрон низ зиндонӣ аст. Ӯро соли 2016 бо иттиҳоми ҷосусӣ ба зиндон маҳкум карданд.

Бахши форсии Би Би Си хабар дод, ки ҳарду занро аъзои Сипоҳи Посдорони Инқилоби Исломии Эрон ҳангоми хайма задан дар як минтақаи низомӣ бо номи Ҷаҷруд дар вилояти Теҳрон дастгир кардаанд.

XS
SM
MD
LG