Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

CPJ: Дар Туркманистон, Эрон ва Беларус матбуот шадидан сензура мешавад


Кумитаи дифоъ аз журналистон (CPJ), мақарраш дар Амрико, Туркманистон, Эрон ва Беларусро дар миёни даҳ кишвари шадидтарине ном бурдааст, ки матбуотро сензура кардаанд. Гузориш 10 сентябр нашр шуд. Дар феҳрист исми кишварҳое зикр шудааст, ки ҳукуматҳои табъйидии онҳо “ҳамроҳ бо шеваҳои маъмулӣ, инчунин аз роҳи сензураи бисёр моҳиронаи рақамӣ ва ҳам назорати электронӣ садои матбуоти мустақилро хомӯш кардаанд”. Мақомот матбуоти мустақилро маҳдуд ё манъ карда журналистонро аз роҳи “зиндонӣ кардан, ба роҳ мондани назорати рақамӣ ва инсонӣ ва ҳам ба роҳ мондани ҳар намуд ҳамлаҳо” азият мекунанд, омадааст дар гузориш. “Худсензура ҳам хеле васеъ доман паҳн кардааст”, омадааст дар гузориш. Се кишвар – Эритрея, Кореяи Шимолӣ ва Туркманистон, ба навиштаи ин гузориш, матбуотро ҳамчун “садои ҳукумат истифода карда, ҳама гуна журналистикаи мустақил аз хориҷа фаъолият мекунад”. Кумитаи дифоъ аз журналистон мегӯяд, ки чанд журналисти хориҷие, ки дар ин кишварҳо иҷозаи фаъолият ба даст овардаанд, шадидан назорат мешаванд.

XS
SM
MD
LG