Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мулоқоти пайвандон бо Маҳмадалӣ Ҳайит дар зиндон. Боз шикоят аз шиканҷа


Маҳмадалӣ Ҳайит

Пайвандони Маҳмадалӣ Ҳайит, муовини пешини ҳизби ҳоло дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ, рӯзи 7-уми сентябр ва пас аз ним соли шикоят аз шиканҷа бо ӯ дидор кардаанд.

Маҳмадалӣ Ҳайит соли 2015 боздошт ва дар мурофиаҳои паси дарҳои баста ба ҳабси абад маҳкум шуд. Мақомот ӯ ва ҳамроҳонашро ба узвият дар гурӯҳҳои ҷиноӣ, қатлу терорризм, талоши ғасби қудрат ва ошӯби мусаллаҳона гунаҳкор карданд. Чизе, ки онҳо ва наздиконашон бофта мехонанд.

Савриннисо Ҷӯраева, ҳамсари Маҳмадалӣ Ҳайит, рӯзи шанбе дар тамоси телефонӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, мулоқоти онҳо дар зиндон аз пушти шиша ва ду соат идома кард. Ба қавли ӯ, шавҳараш шикоят кардааст, ки вайро дигарбора мавриди шиканҷаву азият қарор додаанд.

"Гуфт, баъд аз шикояти мо дар моҳи марти имсол ду моҳ ором гузоштаанд. Баъд аз он дигарбора шиканҷаро оғоз кардаанд. Вазъияташ хуб набуд. Лабаш кафида буд. Худаш гуфт, доруҳояшро намедиҳанд. Ҳатто оби гарм намедиҳанд. Ҷойхоб ва радиоашро гирифтаанд. Мехоҳанд, зидди раҳбарияти ҳизб изҳорот диҳад, ки ӯ қабул намекунад", -- нақл кард Ҷӯраева.

Талошҳои мо барои пайдо кардани мақомоти зиндон рӯзи шанбе бенатиҷа буд. Вале Мансурҷон Умаров, сардори Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлия, моҳи марти имсол дар номаи расмӣ шиканҷа шудани Маҳмадалӣ Ҳайитро рад карда буд.

Вай дар номаи ҷавобӣ (25-уми марти 2019) ба шикояти ҳамсари Маҳмадалӣ Ҳайит навиштааст, "Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлия аризаи шуморо вобаста ба ҷой доштани ҳолатҳои шиканҷа нисбат ба шавҳаратон – маҳкумшуда Ҳаитов Маҳмадалӣ Раҳмонович баррасӣ намуд. Дар рафти санҷиши хизматӣ ваҷҳҳои дар ариза қайднамудаи шумо тасдиқи худро наёфтанд."

Наздикони Маҳмадалӣ Ҳайит ду дафъа дар моҳҳои март ва июли имсол дар бораи шиканҷа шудан ва вазъи бади ӯ ба мақомот ва расонаҳо шикоят карданд. Онҳо гуфтанд, ӯ латту кӯб шуда, дар як утоқи "тангу ифлос" нигоҳдорӣ мешавад.

Он вақт Омбудсмени Тоҷикистон аз Додситонии кул хост, ки хабари шиканҷа шудани Ҳайитро таҳқиқ кунад. Савриннисо Ҷӯраева мегӯяд, бо гузашти ним сол аз Додситонии кул ҳеч посух нагирифт.

Як гурӯҳи кории Созмони Милали Муттаҳид, ки парвандаҳои боздоштҳои худсарона дар кишварҳои ҷаҳонро таҳқиқ мекунад, моҳи майи соли 2018 хулоса дода буд, ки боздошти Маҳмадалӣ Ҳайит, як узви раёсати ҳизби ҳоло дар кишвар мамнӯи наҳзати исломӣ “ғайриқонунӣ аст” ва аз ин рӯ, “бояд фавран озод карда шавад”. Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон, моҳи июл дар ҷаласаи Кумитаи ҳуқуқи башари СММ гуфт, "...ин афрод наметавонанд озод шаванд, чун ҷиноятҳои махсусан вазнин кардаанд ва дар доираи муҷозоти пешбиникардаи қонуни Тоҷикистон бояд ҷавоб гӯянд, на бар асоси кадом қонунҳои дигар".

Гузоришҳои видеоӣ

Хушунат ва шиканҷаи занон дар хона
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:52 0:00
XS
SM
MD
LG