Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шикасти Борис Ҷонсон дар порлумони Бритониё


Борис Ҷонсон дар порлумони Бритониё
Борис Ҷонсон дар порлумони Бритониё

Борис Ҷонсон, нахуствазири Бритониё, ки мехост, интихоботи порлумонии зудрас баргузор кунад, дар раъйгирии рӯзи 4-уми сентябр муваффақ нашуд. Барои эълони интихобот ӯ ба раъйи мувофиқи 434 вакил эҳтиёҷ дошт, аммо дар ҷаласаи порлумон фақат 298 нафар пешниҳоди ӯро тарафдорӣ карданд.

Борис Ҷонсон гуфт, барои баргузории интихоботи зудрас дигарбора талош мекунад. Рӯзи 4-уми сентябр ҳамчунин порлумони Бритониё қарореро қабул кард, ки иҷоза намедиҳад, Борис Ҷонсон кишварашро бе созиш аз Иттиҳодияи Аврупо хориҷ кунад.

Дар раъйгирӣ вакилони мухолифи давлат аз Ҳизби Коргарӣ ва иддае вакилони норозӣ аз худи Ҳизби муҳофизакори Бритониё рӯзи 4-уми сентябр ин қарорро дастгирӣ карданд. Дар ин санад ҳамчунин аз нахуствазир Борис Ҷонсон хоста шудааст, аз Иттиҳоди Аврупо дархост кунад, ки замони хуруҷи Бритониёро то рӯзи 31-уми январ ва то замони ҳосил шудани созиш ба таъхир андозад. Ҳоло қарори мазкурро бояд палатаи болоии порлумони Бритониё тасвиб кунад.

Борис Ҷонсон ваъда дода буд, ки кишварашро то рӯзи 31-уми октябр бо созиш ва ё бидуни созиш аз Иттиҳодияи Аврупо хориҷ мекунад. Ӯ гуфт, агар вакилон ба ин кораш мухолифат кунанд, интихоботи порлумонии зудрас эълон хоҳад кард.

XS
SM
MD
LG