Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Курсан Асанов дар доираи се парванда бозпурсӣ мешавад


Курсан Асанов, муовини пешини вазири корҳои дохилии Қирғизистон
Курсан Асанов, муовини пешини вазири корҳои дохилии Қирғизистон

Курсан Асанов, муовини пешини вазири корҳои дохилии Қирғизистон дар доираи се парвандаи ҷиноӣ бозпурсӣ мешавад. Дар ин бора вакили мудофеи вай Таалайгул Токтакунова хабар дод.

Ба гуфтаи вакили мудофеъ, ҳамаи се парванда бо моддаи "сӯистифода аз мақоми хизматӣ" боз шудааст. Дар доираи ду парванда Асановро ҳамчун шоҳид бозпурсӣ мекунанд.

"Қонун талаб мекунад, ки на танҳо моддаи парванда, балки далелҳои онро ҳам бояд иттилоъ диҳанд. Аммо то ҳол далелҳоро нишон намедиҳанд. Саволҳои гуногун медиҳанд, аз ҳамин хотир мо намедонем, ки далелҳояшон чист", - гуфт вакили мудофеъ.

Додситонии кулли Қирғизистон субҳи 14-уми август нисбати Курсан Асанов, муовини пешини вазири корҳои дохилии Қирғизистон парвандаи ҷиноӣ боз кард.

Асанов рӯзҳои 7-8-уми август дар ҳамла ба манзили президенти он кишвар Алмосбек Отамбоев ширкат ва президенти пешинро ба таслимшавӣ водор кард.

Асанов ахиран бо ҷурми "хиёнат ба манофеи милисаи Қирғизистон" аз мақом барканор шуд.

Мақомоти додситонӣ хабар доданд, ки парванда бо моддаи "Сӯистифода аз мақом" ба он хотир боз шудааст, ки Асанов: ҳангоми ҳамла дастурҳои вазири корҳои дохилиро нодида гирифта; худсарона амал карда; ҳангоми ҳамла ҳайати шахсиро беназорат гузошта ва бо ин рафтораш кормандони милисаро дар хатар гузоштааст.

Мақомот ҳамчунин гуфтанд, Асанов "ба таблиғи шахсии худ пардохта, ба кормандони милиса дастур дод, ки рӯйдодҳоро ба навор гиранд".

Асанов ахиран гуфт, ки дар манзили Отамбоев "қарзи хизматиашро иҷро карда" ва "назди кишвару виҷдонаш пок аст". "Манфиатҳои шахсиамро ман болотар аз манфиатҳои давлатӣ нагузоштаам", - гуфт вай.

XS
SM
MD
LG