Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти марде дар Узбекистон барои дуздии маблағи хайрияи кӯдакон


Дар Узбекистон марде, ки маблағҳои хайрия барои ҷарроҳии кӯдакони беморро дуздида буд, боздошт шуд. Дар ин бора раёсати корҳои дохилии шаҳри Тошканд хабар дод.

Моҳи августи соли ҷорӣ падари як кӯдаки бемор тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ аз мардум имдод хост. Барои ҷарроҳии гаронбаҳои тифли бемор бештар аз 2600 доллар ҷамъ шуд. Марде, ки маблағҳоро дуздид, ба телефони падари тифли бемор тамос гирифта, аз вай рамзи корти бонкиро пурсид ва ваъда дод, ки ба суратҳисоби бонкӣ маблағ интиқол медиҳад.

Аммо он мард бо дарёфти рамзи корт маблағҳои ҷамъшударо ба суратҳисоби худ интиқол дод.

Бо гумони содир кардани ин ҷиноят навҷавони 17-солае аз вилояти Фарғона боздошт шуд, ки пештар аз ин барои дуздӣ ва қаллобӣ суд шуда буд.

XS
SM
MD
LG