Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ИМА зидди оҷонсҳои кайҳонии Эрон таҳрим эълом кард


ИМА 3-юми сентябр якбора зидди се ширкати эроние таҳрим эълом кард, ки бо иктишофҳои кайҳонӣ машғул ҳастанд. Дар ин бора Вазорати молияи Амрико хабар дод.

Сухан аз Оҷонси кайҳонии Эрон, Маркази иктишофҳои кайҳонӣ ва Созмони пажуҳишҳо дар соҳаи ҳавонавардӣ меравад.

Котиби давлатии ИМА Майк Помпео дар шарҳи таҳримҳои нав гуфт, Оҷонси кайҳонии Эрон ба барномаи рушди мушакҳои болдори ин кишвар бевосита иртибот дорад.

Ба гуфтаи Помпео, таҳримҳо ҷомеаи илмии байналмилалиро ҳушдор хоҳанд дод, ки дар соҳаи кайҳон набояд бо Эрон ҳамкорӣ кунанд.

Моҳвора ҳафтаи гузашта дар майдони фазонавардии Эрон ба номи Хумайнӣ дар шимоли ин кишвар таркишеро сабт кард. Дар он ба партоби мушакбар бо моҳвораи мухобиротии "Наҳид-1" омодагӣ медиданд. Президенти ИМА Доналд Трамп аксҳои макони эҳтимолии таркишро дар Твиттер нашр карда гуфт, Вашингтон ба он рабте надорад.

Эрон бо фиристодани чандин моҳвора ба фазо барномаҳои кайҳонӣ ва мушакии худро рушд медиҳад. Мақомоти ИМА мегӯянд, барномаҳои фазоии Теҳрон хилофи қатъномаи Шӯрои амнияти СММ аст, ки кишварҳоро ба насохтани мушакҳои болдор даъват мекунад.

Гузоришҳои видеоӣ

Баҳси вазъи расонаҳои Осиёи Марказӣ дар Душанбе
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:01 0:00
XS
SM
MD
LG