Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Узбекистон хушдоман келину набераи 2-солаашро куштааст


Сокини ноҳияи Ғузори Узбекистон бо гумони куштори бераҳмонаи келин ва набераи 2-солааш боздошт шудааст. Ҷасадҳои пур аз захми корд рӯзи 28-уми август пайдо шуда, гумонбарро низ худи он рӯз дастгир кардаанд.

Ба гуфтаи ду манбаъ дар Ғузор, сокини 50-солаи деҳаи "Янгикент" А. А. келини 26-сола -- Р. Э. ва набераашро 28-уми август куштааст ва ҷасади онҳоро дар болопӯше печонда дар хонаи хобашон гузоштааст.

Наздикони қурбониён гуфтанд, хушдоман дар пайи як низоъ келинашро ба қатл расондааст. Ҳамсуҳбатони мо мегӯянд, ин келин зани писари шавҳараш буд ва доим бо ҳам баҳсу ҷанҷол мекарданд.

"Шавҳари келин дар муҳоҷирати корӣ дар Русия қарор дошта, гумонбар модарандари ӯ аст. Зан шаби 28-уми август тахминан соатҳои 2-3 ба хонаи келинаш даромада, ӯ ва кӯдакашро чанд корд мезанад. Мегӯянд, дар бадани келин ҷои бидуни захми корд набуд", - гуфт ҳамсуҳбати мо.

Яке аз наздикони хонаводаи мазкур мегӯяд, зан пас аз куштор ба раиси маҳалла муроҷиат карда, гуфтааст, ки ҷасади келину набераашро пайдо кардааст. "Ба раиси маҳалла гуфтааст, ки келину наберааш то нисфирӯзӣ аз хона набаромаданд ва вақте ӯ ба ҳуҷраашон даромад, ҷасади беҷони онҳоро пайдо кард", - изҳор дошт манбаъ.

Як манбаъ дар додситонии Ғузор гуфт, гумонбар дар рафти бозпурсӣ иқрор кардааст, ки келину набераашро вай куштааст.

XS
SM
MD
LG