Раиси пешини вилояти Иссиқкӯли Қирғизистон Эмилбек Каптагаев бо навиштани номаи саркушодае ба додситонии кул Откурбек Жамшитов эълом кард, ки нисбати вакили пешини зиндонӣ Содир Жапаров шикояте надорад.
Вай афзуд, борҳо изҳор доштааст, ки ширкати Жапаров дар гаравгонгириаш исбот нашудааст.
"Шахсан ман нисбати вай шикояте надорам. Содир Жапаровро танҳо дар асоси шоҳидии шаҳрванд Кенжебек Жумабоев 11,5 сол зиндонӣ карданд. Ин ҳам дар ҳоле, ки Жумабоевро дар доираи парвандаи гаравгонгирӣ ба 8 соли зиндон маҳкум кардаанд. Вай шаҳодӣ додааст, ки гаравгонгириро Жапаров ташкил карда буд", - навишт Каптагаев.
Ба гуфтаи Каптагаев, тафтишот натавонист, ҳамкории Жапаров ва Жумабоевро исбот кунад. Каптагаев гуфт, парвандаи Содир Жапаров бояд бозбинӣ шавад.
"Агар нисбати Содир Жапаров дар воқеъ туҳмат кардаанд, вай бояд озод карда шавад. Муфаттишоне, ки ин парвандаро таҳқиқ кардаанд, бояд ба ҷавобгарӣ ҷалб шаванд", - афзуд Каптагаев.
Содир Жапаров дар соли 2018 барои ташкили гаравгонгирии раиси вилояти Иссиқкӯл Эмилбек Каптагаев дар соли 2013, 11,5 сол зиндонӣ шуд.
Моҳи майи соли ҷорӣ вакилони мудофеи Жапаров аз додгоҳ хостанд, ӯро авф кунад. Додгоҳ ин дархостро рад кард.