Вазири корҳои хориҷии Эрон Ҷавод Зариф ба хотири мулоқот бо ҳамтои русаш Сергей Лавров ва баррасии масоили марбут ба ҳамкориҳои дуҷониба ба Маскав ворид шуд.
Ҷавод Зариф дар нишасти матбуотие, ки баробари расиданаш ба Маскав субҳи 2 август баргузор шуд, гуфт, “дар марҳилаи душвор ҳукумати Русия дар канори Ҷумҳурии Исломии Эрон қарор дорад ва табъан, равобити мо бо дӯстоне, ки бо мо дар вақтҳои сангин ҳамроҳ буданд, дигаргуна мешавад”.
Зариф ҳамроҳ бо ҳайати комиссиюни иқтисодии Эрону Русия, ки онро вазири энержӣ Ризо Ардакониён раҳбарӣ мекунад, вориди Маскав шуд ва гуфт, ки дар баробари масоили дигар қарор аст равобити дуҷониба, масоили минтақавӣ, аз ҷумла Сурияву Афғонистон, охирин таҳаввулоти марбут ба созишномаи ҳастаии соли 2015 баррасӣ шавад.
Маскав ИМА ва Эронро ба худдорӣ даъват кардааст. Соли гузашта ИМА ба раҳбарии президент Доналд Трамп аз созиши ҳастаӣ бо Эрон хориҷ шуд ва таҳримҳо нисбати ин кишвар, ба вижа дар бахши нафту молиёт ба шакли боз ҳам шадидтар баргашт. Чандин ҳамлаи ахир ба киштиҳои байналмилаӣ, ки дар анҷоми он ИМА Эронро гунаҳгор кард, инчунин ҳодисаи ғасби нафткаши бритониёӣ ба бебандуборӣ дар минтақа ва ҳам саноати киштӣ шиддати равобити Эрон ва ИМА-ро бештар кард.