Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷоиза ба ҷойи ҷазо? Ордени президент ба ду ҳокими ҷанҷолӣ


Раиси ҷумҳури Узбекистон дар остонаи ҷашни истиқлоли ин кишвар, ки ҳар сол 1-уми сентябр таҷлил мешавад, ба даҳҳо нафар, аз ҷумла ҳокими вилояти Фарғона Шӯҳрат Ғаниев ва ҳокими вилояти Андиҷон Шӯҳрат Абдураҳмонов ҷоиза дод.

Ҳардуи ин мансабдор дар моҳҳои июл ва августи имсол мавриди интиқоди шадиди раиси ҷумҳури Узбекистон қарор гирифта буданд.

Шавкат Мирзиёев дар ҷаласаи рӯзи 2-юми август Шӯҳрат Ғаниевро ба "хиёнат" айбдор кард. Нороҳатии президенти Узбекистон аз он буд, ки бо дастури ҳокими вилояти Фарғона дар ноҳияи Риштон даҳҳо манзилро чаппа карданд ва сокинон зидди он баромаданд.

"Ту бо ин фармони беақлона мисли Эрманов (Фарҳод Эрманов, ҳокими вилояти Хоразм) бевиҷдон ҳастӣ. Пеш аз он ки ин хонаҳоро чаппа кунӣ, беҳтар буд каллатро мекандӣ. Магар барои ҳамин тӯли ин муддат туро тарбия кардам?" -- гуфта буд Мирзиёев ба Ғаниев.

Баъд аз он президенти Узбекистон ҳокими Фарғонаро маҷбур кард, ки барои чунин рафтораш дар назди мардум узр пурсад.

Охири моҳи июни имсол садои дашномҳои раиси вилояти Андиҷони Узбекистон нисбат ба сардори раёсати тандурустии вилоят Авазбек Абдураҳмонов дар интернет нашр шуд. Сабаби ин дашномҳо он буд, ки сардори раёсати тандурустӣ аз болои раиси вилоят ба додситонии кулли Узбекистон шикоят бурд.

Шавкат Мирзиёев, президенти Узбекистон рӯзи 5-уми июл дар ҷаласаи ҳукуматӣ раиси вилояти Андиҷон Шуҳрат Абдураҳмоновро барои дашном додани сардухтури вилоят танқид кард.

Бисёриҳо дар Узбекистон интизор доштанд, ки ҳокимон барои рафтори нохуби худ ҷазо мегиранд, вале ғайриинтизор соҳиби ҷоиза шуданд. Коршиносон мегӯянд, чунин бархӯрди дугона дар дарозмуддат ба обрӯи раиси ҷумҳури Узбекистон нахоҳад афзуд.

XS
SM
MD
LG