Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Афзоиши майли ҷавонони узбек ба донишгоҳҳои Тоҷикистон.ВИДЕО


Афзоиши майли ҷавонони Узбекистон ба таҳсил дар Тоҷикистон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:17 0:00

Гузориши видеоиро дар ин ҷо бинед

Шумораи довталабони таҳсил дар донишгоҳҳои Тоҷикистон аз ҳисоби шаҳрвандони Узбекистон афзудааст. Аз чаҳор ҳазор хориҷӣ, ки имсол ба донишгоҳҳои кишвар ҳуҷҷат супурдаанд, беш аз ду ҳазори онҳо аз Узбекистон ҳастанд.

Мақомот далели ин вазъро ба кушода шудани марзҳо ва содда шудани низоми раводид байни Тоҷикистону Узбекистон рабт медиҳанд. Худи сокинони ноҳияҳои наздимарзии Узбекистон ва аз алоқамандони таҳсил дар Тоҷикистон мегӯянд, шанс ё имкони дохил шудани онҳо ба донишгоҳҳои Душанбе дар муқоиса ба мактабҳои олии Тошканду минтақаҳои дигар бештар аст ва равуо низ осонтар.

Баръакси ин, шумори довталабон аз Туркманистон, ки солҳои қабл ба беш аз ҳазор нафар мерасид, имсол тақрибан ба сифр баробар шудааст. На ҷониби Туркманистон ва на ҷониби Тоҷикистон ин ҳолатро шарҳ намедиҳанд.

Вале мақомоти Туркманистон соли гузашта монеи сафари садҳо ҷавон ба Тоҷикистон шуда, номи Тоҷикистонро дар рӯйхате ворид карданд, ки дипломи донишгоҳҳояш дар он кишвар эътибор надоранд.

Муқаддам Ҳасанова аз Сурхандарёи Узбекистон бо бобояш бесаброна интизори эълони натиҷаҳои қабул ба Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон аст. Вай мехоҳад, таҳсилро дар бахши забони англисии ин донишгоҳ идома диҳад.

"Бибиам аз Тоҷикистон аст ва дар ин ҷо хешу табори зиёд дорем. Бо забони тоҷикӣ имтиҳон супурдам, мушкил набуд", -- гуфт ӯ рӯзи 29-уми август.

Исроил Пардаев, бобои Муқаддам, мегӯяд, солҳои пеш ҳам хоҳишмандони таҳсил дар Тоҷикистон зиёд буданд, вале бинобар мушкили равуо ҷавонон чунин имкон надоштанд. Вай афзуд:

"Дар Узбекистон аҳолӣ хеле зиёд аст. Ҳар сол як миллион нафар барои дохил шудан ба донишгоҳҳо ҳуҷҷат месупоранд. Бачаҳо хоҳиши таҳсил кардан дар донишгоҳро доранд, аммо имконият кам аст. Ҷой намерасад. Барои ҳамин ба Душанбе омадем."

Имконияти бештар ва нисбатан осони шомил шудан ба донишгоҳҳои Тоҷикистон ва дастрас будани шартномаи таҳсил, баъди хуб шудани равобит миёни Тоҷикистону Узбекистон сафи донишҷӯёни кишвари ҳамсояро бештар кард. Дар ҳоле ки дар гузашта шумори донишҷӯён аз Узбекистон ба 40 нафар мерасид. Соли 2018 ин рақам ба тақрибан 1000 нафар баробар шуда буд.

Аксари онҳое, ки майли таҳсил дар донишгоҳҳои Тоҷикистонро доранд, аз минтақаҳои тоҷикзабони Узбакистон будаанд. Ҳобил Зикирзода, узви кумисюни қабул дар Донишгоҳи омӯзгорӣ рӯзи 29-уми август ба Радиои Озодӣ гуфт: "Довталабон аз Узбекистон бештар ба ихтисоси таҳсилоти ибтидоӣ, забон ва адабиёти рус таваҷҷуҳ доранд. Бештари онҳо тоҷикзабон ҳастанд. Натиҷаи санҷиш ҳам нишон дод, ки бисёре аз донишҷӯён фаъол ҳастанд ва меъёрҳои забони адабиро медонанд.”

Афзоиши шумораи довталабон аз Узбекистон мушкили соҳиб шудан ба хобгоҳи донишгоҳро дар Тоҷикистон ҷиддӣ кардааст. Ин шабу рӯз дар хобгоҳҳои чанд донишгоҳи кишвар, донишҷӯён соатҳо барои гирифтани хобгоҳ навбат мепоянд. Ба донишҷӯён аз роҳи дур дар қатори донишҷӯёну ятиму маъюб дар гирифтани хобгоҳ имтиёз пешбинӣ шудааст.

Аммо теъдоди довталабон аз Туркманистон, ки то соле пеш шуморашон дар ин ҷо бештар аз ҳар кишвари дигар буд, якбора ба таври чашмрас коҳиш ёфт. Имсол ҳамагӣ се донишҷӯи туркман майли таҳсил дар Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистонро кардаанд. Ин ҳам дар ҳолест, ки соли гузашта беш аз 1000 довталаб аз Туркманистон ба Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон ҳуҷҷат супурдаанд.

Масъулони Донишгоҳи омӯзгорӣ мегӯянд, коҳиши шумори довталабон аз Туркманистон ба ҷониби Тоҷикистон вобаста нест. Ҳобил Зикирзода, узви кумисюни қабул дар Донишгоҳи омӯзгорӣ гуфт, “онҳо дар асоси шартномаи ҳамкорӣ байни Вазорати маорифи ду кишвар ва дар асоси озмун шомил мешуданд. Туркманзабонҳо бештар дар ихтисоси табиӣ, риёзӣ, кимиё, физика ва математика таҳсил мекунанд."

Масъулон умед доранд, донишҷӯёни туркмане, ки солҳои гузашта шомили ин донишгоҳ шуда буданд, таҳсили худро то охир идома хоҳанд дод. Якбора аз ҳазор ба 3 нафар расидани шумори довталабон аз Туркманистон дар Тоҷикистон ба тасмими мақомоти Туркманистон барои манъи таҳсили шаҳрвандонаш дар хориҷ ва ҳамчунин муносибатҳо миёни ду кишвар рабт дода мешавад.

Аммо Муқаддам, донишҷӯ аз Узбекистон, ки бо нияти таҳсил ба Тоҷикистон омадааст, бовар дорад, муносибат миёни ин ду кишвар дигар бетағйир ва нарм мемонад ва ӯву ҳамсолонаш метавонанд бо дипломи олӣ ва чун муттахасиси хуб ба ватани худ бармегарданд.

Шарҳҳоро бинед (11)

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG