Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Болтон ба Молдова: Ба мубориза бо коррупсия комёбӣ мехоҳам


Мушовири амнияти миллии Амрико Ҷон Болтон баъди сафари дурӯза ба Украина, рӯзи 29-уми август бо ҳадафи баррасии “масоили амниятӣ” ба Молдова сафар мекунад. Ӯ як мақоми баландтарини амрикоист, ки баъди боздиди муовини президенти ИМА Ҷо Байден аз Кишинев дар соли 2011 ва котибони давлатӣ Мадрен Олбрайт ва Ҷеймс Бейкер дар солҳои 1994 ва 1992 ба Молдова меравад. Болтон дар нишасти хабарӣ бо нахуствазир Майя Санду дар Кишинев рӯзи 29-уми август гуфт:

“Аз номи ҳукумати ИМА мегӯям: Ба маъракаи зиддикоррупсионии шумо муваффақият орзу мекунам. Ин чиз барои ҷалби сармоягузорҳову шарикони тиҷоратӣ аз ИМА хеле муҳим аст, чунки онҳо ба системаи қавии қонунбунёд бовар доранд. Сохторҳои ҳукуматӣ бояд бомасъулият амал кунанд, то ки фазои озод аз коррупсия эҷод шавад. Аз ин рӯ, дастовардҳои шумо дар ин бахш на танҳо барои Молдова, балки ба ҳамкориҳо бо кишварҳои дигар таъсири зиёд хоҳад дошт."

Болтон дар идома гуфт, ки дар пасманзари таҳдидҳои амниятӣ дар минтақа, ИМА ба “тамомияти арзӣ ва истиқлолияти Молдова эътимоди зиёд дорад. Интихоби ояндаи кишвар ба дасти мардуми Молдова мебошад”, гуфт ӯ.

Санду гуфт, ки мизони кумакҳои ИМА ба бахшҳои дифоиву амниятии Молдова соле ба 15 миллион доллар расидааст ва ин кӯмакҳо, ба гуфтаи нахуствазир, барои ин кишвар хеле муҳим мебошанд.

Қарор аст дар Молдова Болтон инчунин бо ҳизби ғарбгарои “Платформаи имрӯза” ва ҳам ҳизби рӯ ба Русияи президент Игор Додон мулоқот кунад. Санду дар саҳифаи фейсбукии худ ҳафтаи гузашта навишт, ки “сафари як мақоми баландпоя аломати пуштибонии ҷиддӣ аз Молдова мебошад”.

Санду, ки дар гузашта дар Бонки Ҷаҳонӣ кор кардааст, гуфт, “Солҳои зиёд аст, ки Молдова дар инзиво мемонад ва дарҳо ба рӯи ин кишвар дар Вашингтон, Брюссел, Берлин... баста аст. Вале бо ин вуҷуд, вазъ тағйир ёфтааст ва шарикони хеле муҳим ба Молдова таваҷҷӯҳ зоҳир мекунанд ва мо шоҳиди самимият, пуштибонӣ ва пешниҳоди ҳамкориҳо аз ҷониби онҳо мешавем”.

Баъди Молдова Болтон ба Минск сафар мекунад.

XS
SM
MD
LG