Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Шаҳрдори Андиҷон ба далели аксҳои маҳрамона барканор нашудааст"


Дилмурод Раҳматуллоев.
Дилмурод Раҳматуллоев.

Сухангӯи шаҳрдории Андиҷони Узбекистон Гулшаной Кучкарова мегӯяд, аксҳои маҳрамонаи дар Интернет нашршуда, ки нишон медиҳанд, шаҳрдори пешин Дилмурод Раҳматуллоев дар оғӯши зани бегонае хобидааст, сохта ҳастанд.

Дилмурод Раҳматуллоев, ки тайи чандин соли ахир шаҳрдори Андиҷон буд, 26 августи соли равон дар ҷаласаи ғайринавбатии вакилони маҷлиси шаҳрӣ аз мақом барканор шуд.

Яке аз иштирокдорони ҷаласа ба шарти ифшо нашудани номаш гуфт, раиси вилояти Андиҷон Шуҳрат Абдураҳмонов сабаби барканории Раҳматуллоевро "роҳ додан ба хатогӣ ва шикояти сокинон" номидааст.

Ба гуфтаи сухангӯи шаҳрдории Андиҷон, худи Раҳматуллоев аксҳои мазкурро сохта номидааст. "Замони нашри аксҳо ҳамроҳаш будам ва хеле дар ҳайрат буд. Ману Раҳматуллоев дарк кардем, ки аксҳо сохта ҳастанд ва маълум буд, касе мехоҳад, шаҳрдорро сиёҳ кунад",-афзуд ӯ.

Кучкарова дар посух ба суоли мо ки оё Раҳматуллоев барои муайян кардани муаллифони аксҳо ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ муроҷиат кардааст, ё не, гуфт, дар ин бора хабар надорад.

Рӯзи 26 август дар шабакаҳои иҷтимоӣ матни суҳбате нашр шуд, ки гӯиё бо Раҳматуллоев анҷом шудааст ва дар он нашри аксҳои мазкур кори дасти раиси вилояти Андиҷон гуфта мешавад. Ҳамчунин таҳдид шуда буд, ки Раҳматуллоев дар посух видеои амалҳои маҳрамонаи худи раиси вилояти Андиҷонро нашр хоҳад кард.

Вале Дилмурод Раҳматуллоев дертар бо нашри як изҳороти видеоӣ дар "Телеграм" гуфт, мусоҳиба сохта аст ва ӯ ин суханҳоро нагуфтааст.

XS
SM
MD
LG