Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳомиёни ҳуқуқ: Пешниҳоди номи Бузургмеҳр ба ҷоизаи Ҳавел "паём"-е ба ҳукумат аст. ВИДЕО


Бузургмеҳр Ёров. Акс аз шабакаҳои иҷтимоӣ

Номи вакили зиндонии тоҷик Бузургмеҳр Ёров ба дарёфти Ҷоизаи ба номи Ватслав Ҳавел, дигарандеш ва президенти пешини Чехия, пешниҳод шудааст. Ин ҷоизаи Маҷмаи порлумонии Шӯрои Аврупо ва Бунёди "Хартия-77" аст, ки ҳар сол ба ҳомиёни ҳуқуқи инсон дода мешавад.

Додгоҳи олии Тоҷикистон Бузургмеҳр Ёровро ба қаллобиву сохтакорӣ ва айбҳои дигар гунаҳкор дониста, ба 28 соли зиндон маҳкум кардааст. Вале ҳомиёни ҳуқуқ пешниҳоди номзадии ӯро ба дарёфти ҷоизаи ба номи Ватслав Ҳавел "эътирофи хизматҳои Ёров" ва "паём"-е ба ҳукумат донистаанд.

Ёров нафари аввалин аз Тоҷикистон аст, ки номзадиаш барои дарёфти ҷоизаи ба номи Ватслав Ҳавел пешниҳод мешавад.

Дар баробари ӯ барои дарёфти ин ҷоиза дар соли 2019 номи Илҳом Тухтӣ, фаъоли ҳуқуқи башари уйғур аз Чин, ки дар зиндон ба сар мебарад ва низ созмони Youth Initiative for Human Rights, ки дар Балкан барои ҳуқуқи башар мубориза мебарад, пешниҳод шудаанд.

Пешниҳоди номи Бузургмеҳр ба ҷоизаи Ҳавел
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:13 0:00

Номи барандагони ин ҷоиза рӯзи 30-юми сентябри имсол эълон мешавад.

Надежда Атаева, раиси Анҷумани ҳуқуқи башар дар Осиёи Марказӣ, рӯзи 28-уми август ба Радиои Озодӣ гуфт, "ҷаҳони мутамаддин ба адвокат Ёров беш аз ҳама бовар ва ӯро дастгирӣ мекунанд."

Надежда Атаева
Надежда Атаева

Ба қавли Атаева, "Бузургмеҳр Ёров бо вуҷуди хатарҳо ба ҷони худ ва наздиконаш ба ҳимоя аз нафароне бархоста буд, ки мақомот онҳоро аъзои созмони мамнуъ эълон карданд." "Дар посух худи ӯро боздошт карданд ва ҳамакнун ӯ бо зерҳимояҳояш натанҳо ҷазоеро барои иттиҳоми бофташуда адо мекунад, балки наздиконаш таъми фишорҳои дорои омилҳои сиёсӣ ва шиканҷаро мечашанд," -- навиштааст Натежда Атаева.

Вакили мудофеъ Бузургмеҳр Ёров моҳи сентябри соли 2015, баъд аз омодагӣ ба ҳимоят аз ҳуқуқи аъзои боздоштшудаи ҳизби ҳоло дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ дастгир шуд. Додгоҳ соли 2017-ум ӯро ба 28 соли зиндон маҳкум кард.

Худи ӯ ва тарафдоронаш ҳукмро дорои ангезаҳои сиёсӣ медонанд. Созмонҳои ҷаҳонӣ борҳо аз мақомоти Тоҷикистон хостаанд, ки ӯро озод кунанд, аммо мақомот пайваста гуфтаанд, Ёров барои нақзи Кодекси ҷиноии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида шудааст ва парвандаи ӯ ҳеҷ ангезаи сиёсӣ надорад.

Аз намояндагони мақомот касе ҳозир нашуд дар бораи пешниҳоди номзадии Бузургмеҳр Ёров барои дарёфти ҷоизаи ба номи Ватслав Ҳавел суҳбат кунад.

Баъзе аз фаъолони ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон аз пешниҳоди номи ӯ ба ин ҷоиза ситоиш карданд.​ Ойниҳол Бобоназарова, фаъоли ҳуқуқи инсон ба Радиои Озодӣ гуфт, ҷоизаи Ватслав Ҳавел камтар аз ҷоизаи "Нобел" нест ва пешниҳоди номи Ёров ба он "барои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳатто ҳукумат бояд мояи ифтихор бошад".

"Замоне буд, ки ҳукумат имконият дод Ёров худро ба ҷомеа ва ҷаҳон нишон диҳад. Ҳукумат бояд аз ин фахр кунад. Ҳарчанд солҳои ахир ин чизҳо маҳдуд шуд," -- гуфт ӯ.

Ойниҳол Бобоназарова
Ойниҳол Бобоназарова

Бобоназарова афзуд, хеле мунтазири он аст, ки Ёров барандаи ин ҷоиза шавад, то ин ба кори ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон таконе бахшад: "Чун баъзе аз ҳомиёни ҳуқуқ аз воқеаҳое, ки солҳои ахир оид ба фаъолияташон ба вуҷуд омада буд, хаста шуданд ва бовар ба худ надоштанд. Бинобар ин бисёрашон тарки кор карданд. Сазовор шудани Ёров ба ҷоизаи Ватслав Ҳавел шаҳодати он мешавад, ки онҳо дар кори худ танҳо нестанд ва ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳатман аз онҳо тарафдорӣ мекунад."

Ёров чаҳор сол боз паси панҷара аст ва аз хабари пешниҳоди номаш ба ҷоизаи маъруфи ҳуқуқи башар эҳтимол огоҳӣ надорад.

Ҷамшед Ёров, бародари адвокати зиндонӣ дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, "Бузургмеҳр чаҳор сол мешавад, ки ба таклифҳои мақомот дар бораи навиштани ариза, ба гардан гирифтани гуноҳ ва ба ин восита сабук кардани ҳукми худ намеравад ва бовар дорад, ки рӯзе адолат тантана мекунад."

Мақомот ҳеҷ гоҳ эътироф накардаанд, ки ба Бузургмеҳр Ёров чунин пешниҳоде кардаанд.

Ҷоизаи ба номи Ватслав Ҳавел 60 000 евро маблағ дорад. Ин ҷоиза ҳар сол моҳи октябр тақдим шуда, ба маҳзи муборизаи тӯлонии Васлав Ҳавел барои демократия ва ҳуқуқи башар ба ифтихори ӯ номгузорӣ шудааст.

Ватслав Ҳавел
Ватслав Ҳавел

Ин адиби дигарандеши чех, ки бо намоишномаҳои театриаш маъруф буд, дар даврони коммунистҳо таҳти таъқиби тӯлонӣ қарор дошт. Вай баъд аз суқути коммунизм раиси ҷумҳури Чехословакия ва баъди ҷудо шудани он ба ду кишвар нахустин президенти Чехия шуд. Ҳавел соли 2011 дар синни 75 даргузашт.

Ҷоизаи ба номи Ватслав Ҳавел аз соли 2013 то ба ҳол ба Алес Биалиатский (ҳуқуқшиноси зиндонӣ аз Белорус), Анор Маммадлӣ (маҳбуси сиёсӣ аз Озарбойҷон), Людмила Алексеева (роҳбари гуруҳи хелсинкии Русия), Мурод Арслон (ҳуқуқшинос аз Туркия) ва Нодия Мурод (ҳомии ҳуқуқи язидиҳо аз Ироқ) тақдим шудааст.

Шарҳҳоро бинед (5)

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG