Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷамшед Исоев ва Мутриба Ҳотамӣ - қаҳрамонҳои шоҳмоти Тоҷикистон


Мутриба Ҳотамӣ. Акс аз бойгонӣ.
Мутриба Ҳотамӣ. Акс аз бойгонӣ.

Марҳилаи ниҳоии қаҳрамонии шоҳмоти Тоҷикистон миёну мардон ва занон, ки дар истироҳатгоҳи "Чангоб"-и дараи Алмосии шаҳри Ҳисор баргузор шуд, бо пирӯзии Ҷамшед Исоев ва Мутриба Ҳотамӣ ба поён расид. Дар ин бора ба Радиои Озодӣ Илҳом Юнусов, дабири кулли Федератсияи шоҳмоти Тоҷикистон, имрӯз, 28-уми август, хабар дод.

Ба иттилои ӯ, дар марҳилаи ниҳоии қаҳрамонии Тоҷикистон 24 нафар шатранҷбозон (12 мард ва 12 зан), ки дар марҳилаҳои интихобӣ ғолиб шудаанд, ширкат доштанд.

Дар сабқати мардон устоди дараҷаи байналмилалӣ Ҷамшед Исоеви 52-сола пирӯз шуд. Ӯ дар 11 бозӣ 9 имтиёз ба даст овард ва барои дувумин бор пайиҳам ба унвони қаҳрамонӣ даст ёфта, бо медали тилло мукофотонида шуд. Умуман, ин шатранҷбози пуртаҷриба бори ҳафтум қаҳрамони Тоҷикистон гардидааст.

Шатраҷбозони ҷавон - Алишер Каримов бо 8,5 хол ҷойи дувум ва Аминҷон Қобилов бо 7,5 имтиёз ҷойи севумро азони худ карданд.

Дар сабқати занон устоди варзиши Тоҷикистон Мутриба Ҳотамӣ мақоми аввалро касб намуд. Ин шатранҷбози 22-сола дар 11 бозӣ 10 имтиёз ба даст овард. Зимнан, Мутриба бори панҷум аст, ки ба унвони қаҳрамони Тоҷикистон мушарраф мешавад. Аз ин пеш ӯ соли 2017 медали тиллои қаҳрамонии Тоҷикистонро ба даст оварда буд.

Медали нуқра бо касби 9,5 имтиёз насиби қаҳрамони порсолаи Тоҷикистон, устоди ФИДЕ (Федератсияи байналмилалии шоҳмот) Надежда Антонова гардид. Бояд гуфт, ки ӯ феълан дар Донишгоҳи тарбияи ҷисмонии шаҳри Маскави Русия таҳсил мекунад ва маҳз барои ширкат дар қаҳрамонии Тоҷикистон ба Душанбе омада буд. Медали биринҷиро шатранҷбози ҷавону умедбахш Сабрина Абророва бо касби 9 имтиёз соҳиб шуд.

«Шатраҷбозони беҳтарини Тоҷикистон моҳи сентябри имсол дар якчанд мусобиқаи байналмилалӣ ширкат хоҳанд кард. Чунончи, Надежда Антонова, Алишер Каримов ва Аминҷон Қобилов дар мусобиқаи байналмилалӣ барои Ҷоми Созмони ҳамкориҳои Шанхай, ки дар Чин доир меградад, иштирок мекунанд. Шатранҷбози ҷавон Сабрина Абророва дар қаҳрамонии Осиё дар Деҳлии Ҳиндустон, Ҷамшед Исоев дар қаҳрамонии Осиё миёни собиқадорон дар Алматии Қазоқистон, Мутриба Ҳотамӣ дар марҳилаҳои дувуму севуми Ҷоми Пешвои миллат дар Душанбе ширкат меварзанд»,-гуфт Илҳом Юнусов.

XS
SM
MD
LG