Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Марги фармондеҳи давлатӣ дар набард бо писари шӯришӣ


Бозмуҳаммад
Бозмуҳаммад

Достони марги падар дар набарде муқобили писарро мешавад воқеияти талхи Афғонистони имрӯз номид.

Сарҳанг Бозмуҳаммад, фармондеҳи 60-солаи як воҳиди низомии 50-нафарии деҳаи Кӯкалтоши ноҳияи Файзободи Ҷузҷон шаби 27-уми август дар даргирие зидди гурӯҳи шӯришиёни Толибон кушта шуд.

Мақомот мегӯянд, дар миёни шӯришиён писари худи фармондеҳ – Фрайдун ҳам ҳузур дошт, ки муддатҳо пеш зери парчами Толибон гузашта, зидди нирӯҳои ҳукуматии Афғонистон меҷангид.

Алифшоҳ, раиси ноҳияи Файзободи Афғонистон, рӯзи 28-уми август ба бахши афғонии Радиои Озодӣ гуфт, Бозмуҳаммад яке аз мансабдорони собиқадори ҳукумат буд, ки аз оғоз зидди шӯришиён сар баланд кард ва то охири умр аз манфиатҳои кишвараш пуштибонӣ намуд. Ба гуфтаи Алифшоҳ, Толибон Бозмуҳаммадро бо 11 ҳамроҳаш аввал кушта, баъдан сар буридаанд.

Алифшоҳ инчунин гуфт, дар ин даргирӣ Фрайдун, писари Бозмуҳаммад ҳам якҷо бо дигар Толибон “дар куштани падараш ширкат кардааст”.

Сухангӯи волии Ҷузҷон Фрайдун Аниқ низ ин хабарро тасдиқ кард ва гуфт: “Мухолифини мусаллаҳи давлат бо тамоми имконот ва таҷаммӯе, ки доштанд, ба хотири тасарруфи воситаҳои амниятии Кӯкалтош соати ҳашти шаби гузашта ҳамла карданд ва даргирӣ то соати 4-и субҳ идома ёфт”.

Забеҳулло Муҷоҳид, сухангӯи Толибон, гуфтааст, дар ин даргирӣ 10 тан аз нирӯҳои давлатӣ кушта шуда, 7 тан захмӣ гардиданд. Муҷоҳид кушта шудани як узви Толибонро тасдиқ намуда гуфт, “пости амниятии сарҳанг Бозмуҳаммад пурра тахриб шуда, миқдоре аз силоҳ ва муҳимотро ҳам аз он ҷо ба ғанимат гирифтаанд”.

Бозмуҳаммад иттифоқан як рӯз пеш аз маргаш бо бахши афғонии Радиои Озодӣ ҳамсӯҳбат шуд ва орзуи худро дар мавриди хатми ҷанг баён кард. Ӯ гуфт:

“Охири кор, охири ҷанг, охири ҳар чиз сулҳ аст. Кӣ киро мекушад? Дидем, ки бародар бародарро мекушад, падар бачаро мекушад, бача падарро мекушад...”

Маросими дафни фармондеҳ Бозмуҳаммад ва даҳ узви воҳиди низомиаш дар ноҳияи Файзобод баргузор шуд. Бисёре аз сокинони маҳаллӣ гуфтанд, ки нақши ин фармондеҳ дар таъмини амният ва пойдории сулҳ дар минтақа хеле муҳим буд.

Як сокини Файзобод – Муҳибулло дар мавриди марги Бозмуҳаммад гуфт: “Ӯ бисёр одами хубе буд. Ҳамеша роҷеъ ба сулҳ сӯҳбат мекард ва мардумро ҳам ба якдигарпазирӣ даъват менамуд”.

Бархе аз ҳамватанон зиндагии Бозмуҳаммадро як фоҷеаи инсонӣ қаламдод мекунанд, ки барои муқовимат бо душман баланд шуда, нафаҳмид, ки писари худаш ба сӯи ӯ силоҳ баланд мекунад.

XS
SM
MD
LG