Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Наврасони Тоҷикистон дар Ҷоми президенти Қазоқистон Арманистонро шикаст доданд


Дастаи мунтахаби наврасони зери 16-солаи футболи Тоҷикистон дар нахустин бозиаш дар мусобиқаи байналмилалӣ барои Ҷоми президенти Қазоқистон бар мунтахаби наврасони Арманистон (U-17) бо ҳисоби 2:1 ғолиб омад.

Ин бозии гурӯҳи “В” рӯзи якшанбеи 25-уми август дар шаҳри Нурсултон баргузор шуд. Голҳои мунтахаби наврасони Тоҷикистонро Суннатулло Азизов ва Муҷовид Шовайсуддинов ба самар расониданд.

Дар мусобиқаи имсола барои Ҷоми президенти Қазоқистон, ки бори дувоздаҳум доир шудааст, дастаҳои мунтахаби наврасони Арманистон, Қирғизистон, Литва, Тоҷикистон ва ду дастаи мунтахаби нарасони Қазоқистон дар ду гурӯҳ ширкат доранд.

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) ҳамроҳи дастаҳои Арманистон (U-17) ва Қазоқистон (U-16) ба гурӯҳи «В» шомил аст. Ба гурӯҳи «А» дастаҳои мунтахаби наврасони Қазоқистон (U-17), Қирғизистон (U-16) ва Литва (U-17) дохиланд.

Мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) дар даври севум имрӯз, 26-уми август, бо мунтахаби Қазоқистон (U-16) рақобат хоҳад кард. Зимнан, бозии даври аввал миёни дастаҳои мунтахаби наврасони Арманистон (U-17) ва Қазоқистон (U-16) бо ҳисоби 2:2 ба охир расидааст.

Бар асоси дастури мусобиқа барои Ҷоми президенти Қазоқистон-2019, дар марҳилаи гурӯҳӣ дастаҳо аз рӯи системи даврӣ дар як давра рақобат мекунанд. Баъдан дастаҳое, ки дар гурӯҳҳо ҷойҳои аввалро мегиранд, дар финал бо ҳам рӯбарӯ мешаванд.

Дастаҳое, ки ҷойҳои дувумро соҳиб мегарданд, барои медалҳои биринҷӣ мубориза мебаранд. Дастаҳои дар гурӯҳҳо зинаҳои охиринро ишғолнамуда бошанд, барои ҷойҳои 5-6-ум мубориза мебаранд.

Аҳлиддин Турдиев, сармураббии дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16), дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, «ширкат дар мусобиқаи байналмилалӣ барои Ҷоми президенти Қазоқистон барои дастаи мо як давраи омодагӣ ба марҳилаи интихобии қаҳрамонии Осиё-2020 маҳсуб мешавад, ки аз 14-ум то 22-юми сентябр дар Урдун доир мегардад. Рақибони мо дар гурӯҳи “А” дастаҳои Урдун, Непал, Шри-Ланка ва Кувайт мебошанд».

Ҷоми президенти Қазоқистон-2019 оид ба футбол миёни дастаҳои мунтахаби наврасон

Даври 1-ум

24 август (шанбе)

Арманистон (U-17) – Қазоқистон (U-16) – 2:2

Қазоқистон (U-17) – Қирғизистон (U-16) – 8:0

Даври 2-юм

25 август (якшанбе)

Тоҷикистон (U-16) – Арманистон (U-17) – 2:1

Голҳои Тоҷикистон: Суннатулло Азизов, Муҷовид Шовайсуддинов.

Қирғизистон (U-16) – Литва (U-17) – 0:4

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали гурӯҳи “В”

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

Тоҷикистон (U-16)

1

1

0

0

2-1

3

2

Қазоқистон (U-16)

1

0

1

0

2-2

1

3

Арманистон (U-17)

2

0

1

1

3-4

1

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали гурӯҳи “А”

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

Қазоқистон (U-17)

1

1

0

1

8-4

3

2

Литва (U-17)

1

0

0

0

4-0

3

3

Қирғизистон (U-16)

2

0

0

2

0-12

0

Даври 3-юм

26 август (душанбе)

Қазоқистон (U-16) – Тоҷикистон (U-16)

Литва (U-17) – Қазоқистон (U-17)

28 август (чоршанбе)

Бозӣ барои ҷойҳои 5-6-ум

Бозӣ барои ҷойҳои 3-4-ум

Финал

Шарҳҳоро бинед (2)

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG