Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шаҳрдори Тошканд дар вохӯрӣ бо сокинони норозӣ худро идора карда натавонист


Масъулони ҳукумати шаҳри Тошканд даҳҳо сокини норозии ноҳияи Мирободи пойтахти Узбекистонро, ки 16 август ба қабулгоҳи шаҳрдор Ҷаҳонгир Ортиқхоҷаев рафта буданд, аз толор пеш карданд. Худи шаҳрдор Ортиқхоҷаев низ бо онҳо муносибати дағалона кардааст.

Дар наворе, ки дастраси мо шуд, шунида мешавад, сокинони Миробод аз Ортиқхоҷаев дархост мекунанд, қарори шаҳрдори пешини Тошканд дар бораи ҷудо кардани қитъаи замин барои як соҳибкор дар кӯчаи Нукусро бекор кунад.

Ба гуфтаи сокинон, шаҳрдори пешин Раҳмонбек Усмонов соли 2017 ба соҳибкор қитъаи заминеро ҷудо кардааст, ки барои таваққуфгоҳи мошин ва майдони бозии кӯдакон пешбинӣ шуда буд ва ин қарори ӯ хилофи Кодекси банақшагирии шаҳр ва талаботи санитарӣ аст.

Ортиқхоҷаев дар аввал ба сокинони норозӣ оромона мефаҳмонад, ки наметавонад қарори шаҳрдори пешинро бекор кунад. Вале пас аз он ки сокинон мегӯянд, дар сурати бекор нашудани қарор ба президент муроҷиат мекунанд ё даст ба тазоҳурот хоҳанд зад, шаҳрдори Тошканд ба тундгӯӣ гузашта, мегӯяд, "шумо ба онҳо муроҷиат кунед ва онҳо муроҷиати шуморо боз ба мо мефиристанд. Ман ба додгоҳ эътироз карда наметавонам. Қонун ин ҳақро ба ман намедиҳад".

"Шумо моро ба додситонӣ мефиристед, додситонӣ ба додгоҳ ва додгоҳ боз ба назди шумо мефиристад. Шумо магар мардумро масхара мекунед? Шумо салоҳияти бекор кардани қарори шаҳрдори пешинро доред",-изҳор медоранд сокинон дар посух ба суханони шаҳрдор.

Сипас шаҳрдори Тошканд ба додзанӣ даромада, мегӯяд, "маро ба додгоҳ кашед! Ба куҷое мехоҳед, муроҷиат кунед! Мехоҳед, ба президент, мехоҳед, ба Худо муроҷиат кунед. Мехоҳед, ҳатто ба Брюссел шикоят баред. Агар мехоҳед, гирдиҳамоӣ низ бикунед".

Дар ҳамин ҳол занони дар толор буда аз шаҳрдори Тошканд дархост мекунанд, ки ба онҳо иҷозат диҳад, дар сурати ҳал нашудани мушкил ҳамоиши эътирозӣ баргузор кунанд. Дар натиҷа шаҳрдор ба ғазаб омада, ба мардони дар толор нишаста мегӯяд, "шумо мард ҳастед? Ору номус доред? Шумо мардон аз чӣ метарсед, аз зиндонӣ шудан?".

Ӯ ҳамчунин ба занон хитоб карда, суол мекунад, ки "шумо шавҳар, фарзанд ва номус доред? Вақте мард гап мезанад, зани мусулмон бояд сарашро хам карда, хомуш бинишинад".

Сокинони Миробод мегӯяд, дар вохӯрӣ бо Ортиқхоҷаев натавонистанд, мушкили худро ҳал кунанд ва масъулони шаҳрдорӣ низ дар охир аз онҳо хостанд, ки толорро тарк намоянд.

XS
SM
MD
LG