Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳи Қирғизистон парвандаи Текебоевро бозбинӣ мекунад


Додгоҳи олии Қирғизистон 21 август парвандаи роҳбари зиндонии Ҳизби "Ота Макон" Омурбек Текебоев ва сафири пешин Дуйшенқул Чотоновро барои бозбинӣ ба додгоҳи ноҳияи Якуми майи Бишкек фиристод. Ҳукмҳои пешини эъломшуда бекор шуданд.

Вакили дифоъ Таалайгул Токтакунова гуфт, парванда ангезаи сиёсӣ дорад ва бинобар ин, додгоҳ ба баёноти вакилони порлумон, аъзои пешини ҳукумат ва сиёсатмадорони эътибор намедиҳад.

Ба гуфтаи ҳуқуқшинос, мақоми Текебоев ва Чотонов аз айбдоршуда ба гумонбар тағйир ёфта, онҳоро аз зиндон ба боздоштгоҳи муваққатӣ интиқол додаанд. Вакилони дифоъ тағйири ҳукми ҳабси онҳоро дархост хоҳанд кард. Ҳамчунин масъалаи барқарор кардани мандати вакилии Текебоев низ матраҳ хоҳад шуд, зеро ҳукми ӯро бекор карданд.

Ҳимоятгарони сиёсатмадори мухолифи қирғиз мегӯянд, далелҳоеро доранд, ки дуруғ будани баёноти соҳибкори рус Леонид Маевский зидди Текебоев ва Чотоновро тасдиқ мекунанд. Пештар аз ин вакилони Текебоев ба Додситонии кул дархост карда буданд, ки парвандаро бозбинӣ кунад. Додситонӣ тавсия дод, ки ба Додгоҳи олӣ муроҷиат карда шавад.

Додгоҳи олии Қирғизистон рӯзи 3 май парвандаи сиёсатмадорони зиндонӣ Омурбек Текебоев ва Дуйшенқул Чотоновро аз рӯи кодексҳои нав дубора баррасӣ карда, ҳукми 8 соли зиндони онҳоро бетағйир гузошта буд. Вале ҳукми мусодираи амволи онҳо тағйир дода шуда, дороиҳои мусодирашудае, ки ба парвандаи ҷиноӣ ҳеч рабте надоранд, ба сиёсатмадорон баргардонида мешавад.

Раиси Ҳизби "Ота Макон", вакили порлумони Қирғизистон Омурбек Текебоев ва ҳамҳизби ӯ - сафири пешини ин кишвар дар Кореяи Ҷанубӣ Дуйшенқул Чотонов моҳи феврали соли 2017 боздошт шуданд.

Текебоев дар асоси баёноти шаҳрвандони Русия Алексей Модин ва Леонид Маевский боздошт шуд, ки гуфтанд, ба ӯ барои кумак дар харидории саҳмияҳои ширкати қирғизии "Мегаком" 1 миллион доллар доданд. Вале худи Текебоев парвандаро сиёсӣ меномад.

XS
SM
MD
LG