Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зариф аз иқдомҳои "пешгӯинашаванда"-и Эрон ҳушдор дод


Муҳаммаҷавод Зариф

Эрон мегӯяд, ба паймони паҳн накардани силоҳи ҳастаӣ (NPT) содиқ мемонад, аммо сиёсати "пешгӯинашаванда"-и президенти Амрико Доналд Трамп метавонад посухҳои монандро аз Теҳрон талаб кунад.

Вазири корҳои хориҷии Эрон Муҳаммадҷавод Зариф рӯзи 21-уми август дар Пажӯҳишгоҳи Байналмилалии Тадқиқоти Сулҳи Стокҳолм (SIPRI) ҳамсоягони худро огоҳ кард, ки "хароҷоти зиёд барои силоҳҳои ғарбӣ ба Халиҷи Форс оромии пурра нахоҳад овард".

Зариф гуфт: "Пешгӯинашаванда будани ду тараф боис ба бетартибӣ мешавад. Президент Трамп наметавонад интизор дошта бошад, ки ӯ пешгӯинашаванда ва дигарон пешгӯишаванда бошанд."

"Арабҳои Халиҷи Форс наметавонанд бо харҷ кардани миллиардҳо доллар ё харидани аслиҳаи ғарбӣ ба оромӣ дар минтақа даст ёбанд... Ҳеҷ миқдори низомии хориҷӣ бо буданаш (дар Халиҷи Форс) наметавонад ноамниро пешгирӣ кунад", -- афзуд Зариф.

Кашмакашҳо миёни Вашингтон ва Теҳрон аз он дам боло гирифтанд, ки Трамп аз созишномаи ҳастаии соли 2015 баромад ва ба Эрон таҳримҳои нав бор кард.

Суханони Муҳаммадҷавод Зариф як рӯз пас аз он садо дод, ки котиби давлатии Амрико Майк Помпео Теҳрон ва наздикони онро дар барангехтани "террор ва нооромӣ" дар муноқишаҳо дар Ироқ, Лубнон, Сурия ва Яман "бо пайомадҳои вайронгари башарӣ" айбдор кард.

XS
SM
MD
LG