Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Билетҳои гарон ва мизбонии Эмомалӣ Раҳмон дар Мастчоҳ дар Озодӣ Онлайн. ВИДЕО


Ҳатман ки аз болоравии қимати билетҳои ҳавопаймо хабар доред. Агар не, пас, хабар медиҳем. Дар шумораи нави "Озодӣ Онлайн" дар бораи сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Мастчоҳ низ сӯҳбат мекунем, чун атрофи он гап зиёд шуд.

Дар гӯшаҳои тоҷикии Интернет гап сари боло рафтани қимати билети ҳавопаймоҳо аз Тоҷикистон ба Русия аст, чун ҳамёни ҳазорон нафарро холӣ мекунад. Корбаре бо номи Азимова Офӣ дар ин бора дар саҳифаи Радиои Озодӣ дар Инстаграм навиштааст:

"Мо дар Маскав пулро медаравем, барои ҳамин билетҳоро гарон карданд." Ӯ гуфтааст, "калонҳои мо дар боло мешинанд, вале ҳеҷ чизро намефаҳманд".

Корбаре бо номи Вайсиббин Аннаев дар Инстаграм навиштааст, ки "бечора муҳоҷир куҷо рафтанашро намедонад. 4 ҳазор сомонӣ -- билет, 20 ҳазор рубл -- патент. Дар як моҳи аввал то 70 ҳазор рубл қарздор мешавад. Раҳм кунед, мо ҳам миллати тоҷик ҳастем", -- гуфтааст ин корбар.

Билетҳои гарон ва мизбонии Эмомалӣ Раҳмон дар Мастчоҳ дар Озодӣ Онлайн
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:04 0:00


Дар дигар тараф дар Фейсбук, Аҳмад Абдуллоев дар саҳифаи Радиои Озодӣ чунин шарҳ гузоштааст, “каме инсоф кунед, бечора муҳоҷир аз ҳамон бонкҳои шумо қарз мегирад, то пули билетро бипардозад. Аз чанд тараф мехоҳед пул кор кунед.”

Корбари дигари Фейсбук Давлаталӣ Қаҳҳоров бо забони русӣ навиштааст, "ҳайрон нашавед, чун бори аввал нест, ки қиматҳоро боло мебаранд. Барои ҳамин билети ҳавопаймоҳоро аз пеш бихаред."

Корбаре бо номи муҳоҷир дар вебсайти озодӣ нуқта орг гуфтааст, ки "дар Тоҷикистон рақобат нест, аз ҳамин сабаб нархҳоро чӣ гунае ки хоҳанд мебардоранд. Бояд рақобати дохилӣ бошад. "Тоҷик Эйр", ки ширкати давлатӣ буд, чаро ба буҳрон рафт? Ҳукумат метавонад Тоҷик Эйрро аз нав барқарор кунад, лекин намехоҳад."

Баҳси доғи дигаре, ки дар вебсайти Радиои Озодиву Фейсбук идома дорад, доир ба сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Мастчоҳ аст. Гузориш дар бораи онки мақомоти ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ аз мардум барои меҳмонон равғану нону биринҷ ҷамъ мекунанд, баҳси зиёдеро ба миён овард.

Корбаре бо номи Мастчоҳ навиштааст, "воқеан, ин чиз ҷой дорад. Монанди онки офтобро бо доман пӯшида намешавад, инро ҳам намешавад рӯйпӯш кард. Ҳатто ба мактабу кӯдакистон ва идораҳо фармон медиҳанд ва чӣ ҷамъ оварданашонро ҳам мегӯянд."

"Овоз" навиштааст, "айб аст, ки барои пешвози президент ҳукумати ноҳия аз мардум равғану биринҷу нон талаб кунад. Асри 21 аст, вале амалу рафтори ҳукуматдорони мо сохтори феодалиро мемонад."

Корбаре, ки худро "Садо" муаррифӣ кардааст, мегӯяд, "пешвозгирии раиси ҷумҳур ба мусобиқа табдил ёфтааст. Акнун барои пешвоз аз мардум кумак металабанд. Шаъну шарафи президент мерезад, вале атрофиёнаш хомӯшанд."

Нуриддин Шарифӣ дар Фейсбук гуфтааст, "ин як шармандагӣ аст, наход раисони шаҳру ноҳия аз мардуми бечора, ки бо мушкилоти зиёд рӯз мегузаронанд, маҳсулоти хӯрока талабанд."

Агар аз шумо ҳам чунин талабе шуд, метавонед ба мо нависед, чӣ дар вебсайти Радиои Озодӣ, чӣ дар саҳифаи мо дар Фейсбук ва Инстаграму Одноклассники. Фиристодани видеову аксҳо низ аз ёдатон наравад. Шумораи телефонҳои мо:

+420 724 053 959

+992 980 15 10 10

+420 724 056 681

Воқеан шарт нест, фақат видео дар бораи барфу борону сӯхтору фалокат бошад. Назари худатон дар бораи масъалае, ҷойи коратон ҳам муҳиму ҷолиб аст. Вотсаппу Вайбер ва Телеграму ИМО дорем. То дидор дар барномаи дигар.

Шарҳҳоро бинед (13)

Гузоришҳои видеоӣ

Эълони ғолибони озмуни Радиои Озодӣ
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:09 0:00
XS
SM
MD
LG