Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

12 медали варзишгарони тоҷик дар Ҷоми Узбекистон дар Тошканд


Варзишгарони тоҷик дар Ҷоми бози Узбекистон оид ба варзиши сабук, ки рӯзҳои 17-18-уми август дар шаҳри Тошканд баргузор шуд, 12 медал (6 нишони тилло, 3 нуқра ва 3 биринҷӣ) ба даст оварданд.

Дар ин мусобиқа беш аз 500 варзишгар аз Австралия, Арабистони Саудӣ, Қазоқистон, Қирғизистон, Малайзия, Тоҷикистон ва Туркманистон иштирок кард. Иштироккунандагон барои гирифтани имтиёзҳо ҷиҳати дарёфти роҳхатҳо ба Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2020 дар Токио талош варзиданд.

Варзишгарони тоҷик Гулсунбӣ Шарифова дар сабқати занон дар давиш ба масофаи 400 метр, Нодира Мирзоева дар давиш ба масофаи 3000 метр ва Кристина Пронженко дар давиш ба масофаи 400 метри монеъадор бо медалҳои тилло мукофотонида шуданд.

Инчунин намояндаи дигари Тоҷикистон Одилшоҳ Исматов дар давиш ба масофаи 800 метр миёни мардон бо медали тилло сарфароз гашт.

Ду медали дигари тиллоро варзишгарони тоҷик дар эстафетаи чаҳор ба 100 метр миёни мардон (Илдар Аҳмадиев, Алишер Пулотов, Даврон Атабоев ва Александр Пронженко) ва дар эстафетаи чаҳор ба 400 метр миёни занон (Лолахон Ҷумъаева, Нодира Мирзоева, Кристина Пронженко ва Гулсунбӣ Шарифова) соҳиб шуданд.

Гулсунбӣ Шарифова, ҳамчунин дар давиш ба масофаи 200 метр, Абдурауф Мӯсоев дар гурзандозӣ ва дастаи мардон дар эстафетаи чаҳор ба 400 метр (Григорий Дерипаскин, Даврон Атабоев, Леонид Пронженко ва Ислом Холиқов) барандагони медалҳои нуқра шуданд.

Ҳамчунин Кристина Пронженко дар давиш ба масофаи 100 метр, Алишер Пулотов дар давиш ба масофаи 400 метри монеъадор ва Ҳусниддин Зарипов дар ҷаҳиш ба баландӣ медалҳои биринҷӣ гирифтанд.

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG