Афроди наздик ба Зарина Боқиева, муовини сардори Идораи суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи ноҳияи Фирдавсии пойтахт гуфтанд, вай ин миқдор пулро ба буҷет баргардондааст. Мақомот мегӯянд, Боқиева ба таҳияи асноди дурӯғин ҳам муттаҳам аст ва зидди ӯ парванда боз шудааст. Боқиева ҳоло дар озодист, вале ба мо муяссар нашуд, ки мавқеашро дар ин бора пурсем.
Мақомоти Оҷонси назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар Тоҷикистон рӯзи 20-уми август хабар доданд, ки муовини сардори раёсати Оҷонси нафақа дар ноҳияи Фирдавсии Душанбе "бо истифода аз 49 ному насаб ва ба воситаи 11 корти бонкӣ як миллиону чорсаду бисту се сомонии буҷетро тасарруф намудааст". Ба иттилои онҳо, Зарина Боқиев ин миқдор пулро "дар солҳои 2016-2018 ва чаҳор моҳи аввали соли 2019" гирифтааст.
Дар раёсати Оҷонси нафақа дар Душанбе гуфтанд, ки "кирдор"-и Зарина Боқиева охири моҳи июни имсол ва ҳангоми як санҷиши Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ошкор шудааст.
Азизҷон Абдураҳмонов, сардори раёсати Оҷонси нафақа дар ноҳияи Фирдавсӣ, рӯзи 20-уми август ба Радиои Озодӣ гуфт, дар робита ба парвандаи зердасташ муфаттишон ӯро низ бозпурсӣ кардаанд. Абдураҳмонов афзуд, Зарина Боқиева озод аст ва таъкид намуд, ки "тафсилоти бештарро аз мақомоти Оҷонси мубориза бо фасод пурсед".
Беҳрӯз Назруллозода, масъули дафтари матбуоти Оҷонси зидди фасод гуфт, "баъд аз анҷоми тафтишот ба амалҳои Боқиева баҳои ҳуқуқӣ дода мешавад". Вай ба далели "халал нарасондан ба ҷараёни тафтишот", қазияро пурра шарҳ надод.
Дар ҳоле ки Оҷонси зидди коррупсия ба воситаи сомонаи расмии худ гуфтааст, дар баробари Зарина Боқиева нисбат ба афроди дигар низ зимни ин қазия парвандаи ҷиноӣ боз шудааст, вале аз онҳо ном бурда намешавад. Аммо дар раёсати Оҷонси нафақа дар ноҳияи Фирдавсӣ гуфтанд, ки ба иттилои онҳо ба ғайр аз Боқиева нисбат ба ягон ҳамкори дигарашон парванда боз нашудааст.
Бархе аз огоҳон мегӯянд, бо таваҷҷӯҳ ба таҷрибаи сохтакорӣ дар низоми нафақаи кишвар, эҳтимол ҳамроҳ бо Боқиева афроде аз бахши бонкдории кишвар ҳам ба тақаллубу сохтакорӣ муттаҳам шаванд.
Ҷомеашинос Бобоҷони Шафеъ мегӯяд, "тасарруфи маблағҳо аз тарафи кормандони Оҷонси нафақа ин бозгӯкунандаи беназоратӣ ва рушди коррупсия дар низоми нафақаи кишвар аст".
"Ин ин як силсилаҷиноят аст, ки бояд чанд нафар бо ҳам бошанд. Як нафар имкон надорад, ки ҳам санад дуруст кунад, ҳам корт созад ва пулро ба танҳоӣ соҳиб шавад. Ин нишон медиҳад, ки на танҳо низоми нафақа, балки ниҳодҳои дигар ҳам беназорат ҳастанд",-гуфт ӯ
Мусоҳиби мо афзуд, "низоми нафақа дар Тоҷикистон бо ду пой мелангад ва ба як ислоҳоти ҷиддӣ ва фарогир ниёз дорад".
Қаблан, рӯзи 23-юми июли имсол, Дилмурод Давлатзода, мудири Оҷонси суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи Тоҷикистон, дар нишасти хабарӣ гуфта буд, ки “дарёфти нафақа бо истифода аз номи дигарон аз ҷониби хешовандони худи бознишастагон сурат мегирад”.
Давлатзода таъкид намуд, ки дар аксар ҳолат нафақахӯр мефавтад, вале наздиконаш маълумотномаи дар бораи марги ӯро сари вақт пешниҳод намекунанд.
Ҳарчанд раиси Оҷонси суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа бетаваҷҷӯҳии хешовандонро дар пешниҳоди санад барои қатъи нафақаи фавтидагон мисол меорад, бемасъулиятии худи кормандони бахши нафақаю бонкдорӣ дар сар задани чунин ҳолатҳо борҳо садо додааст.
Раиси ҷумҳури Тоҷикистон рӯзи 10-уми майи имсол дар як нишаст гуфт, санҷиши кори бонки давлатии "Амонатбонк" дар солҳои 2009-2018 даҳҳо ҳолати аз худ кардани нафақаҳои афроди фавтидаро ошкор кардааст. Ба гуфтаи Эмомалӣ Раҳмон, дар пайи "беназоратӣ ва фориғболии шахсони масъул", бархе кормандони бонк ва Оҷонси суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа "дар 211 ҳолат нафақаи шахсони фавтидаро ба маблағи 360 ҳазор сомонӣ тасарруф кардаанд".
Масъалаи нафақа дар Тоҷикистон солҳо боз баҳс мешавад. Чанд сол пеш нафақаи ҳангуфти баъзе аз мақомдорони тоҷик низ баҳси доғеро ба по карда буд, ки дар саргаҳи ин баҳсҳо Амонулло Ҳукуматулло, раиси пешини ширкати Роҳи оҳан меистод.
Ба иттилои Оҷонси суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа, феълан ҳадди миёнаи нафақа дар Тоҷикистон 305 сомониро ташкил медиҳад. Дар Тоҷикистон то 1-уми июли имсол беш аз 699 ҳазор нафар ҳаққи нафақа ё бознишастагӣ мегирифтаанд ва шумораи онҳо дар як соли ахир тақрибан 3 дарсад афзудааст.