Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Омӯзгорони мактабҳои Намангон аз рухсатӣ бозхонд шуданд


Омӯзгорони мактабҳои миёнаи вилояти Намангони Узбекистон шикоят доранд, ки дар ҳавои гарм аз рухсатӣ бозхонд ва иҷборан барои баҳисобгирии аҳолии вилоят сафарбар карда шудаанд.

Ба гуфтаи яке аз омӯзгорони Намангон, ки нахост номаш ифшо шавад, даҳҳо ҳамкори ӯ аз 5 август дар ба дари хонаи сокинон мегарданд. "Мудири мактаб ҳафтаи гузашта аз мо хост, ки рухсатиро қатъ карда, ба кор бароем. Дар ҷаласа гуфт, раҳбарияти маорифи вилоят дастур додааст, ки хона ба хона гардем. Ба гармии ҳаво нигоҳ накарда, дар ба дари хона мегардем ва аз сокинон хоҳиш мекунем, ки варақаро пур кунанд. Агар ин амро иҷро накунем, ҷои корро аз даст хоҳем дод", - изҳор дошт ҳамсуҳбати мо.

Омӯзгорони мактабҳои дигари вилояти Намангон низ ба шарти ифшо нашудани номашон ин хабарро тасдиқ карданд. "Моро маҷбур доранд, ки вазифаи кумита ва раисони маҳаллаҳоро иҷро кунем. Мо бояд то оғози соли хониш варақаҳоро пур карда, ба раҳбарият супорем",-гуфт яке аз омӯзгорони дигари Намангон.

Дар ҳукумати вилояти Намангон тасдиқ карданд, ки дар саросари вилоят баҳисобгирии дубораи аҳолӣ идома дорад. Ба гуфтаи масъулони ҳукумати Намангон, ҳадафи асосии ин иқдом аз байн бурдани бекорӣ, муайян кардани афроди ниёзманд мебошад.

Вале намояндаи ҳукумати Намангон гуфт, ҳеч кас дастур надодааст, ки омӯзгорон аз рухсатӣ бозхонд ва иҷборан дар ба дари хонаҳо фиристода шаванд.

Сарвазири Узбекистон Абдулло Орипов моҳи июни гузашта дар як ҷаласа гуфта буд, ки минбаъд омӯзгорон ҳукуматҳои маҳаллиро итоат намекунанд ва ба корҳои ҷамъиятӣ низ ҷалб нахоҳанд шуд.

Гузоришҳои видеоӣ

Баҳси вазъи расонаҳои Осиёи Марказӣ дар Душанбе
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:01 0:00
XS
SM
MD
LG