Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Имрон Хон: "Покистон омодаи посух додан ба ҳар иқдоми Ҳинд дар Кашмир аст"


Имрон Хон, нахуствазири Покистон Ҳиндро муттаҳам кард, ки нақшаи амалиётҳои низомӣ дар минтақаи ҷанҷолии Кашмирро тарҳрезӣ кардааст.

Имрон Хон рӯзи 14-уми август дар ҷараёни суханрониаш ба муносибати Рӯзи истиқлоли кишвараш дар порлумони Кашмири таҳти назорати Покистон гуфт, "артиши Покистон аз барномаҳои онҳо комилан хабардор аст ва Покистон дар баробари ҳар гуна иқдоми онҳо омода хоҳад буд".

Имрон Хон, ки дар шаҳри Музаффаробод -- маркази маъмурии иёлати Кашмир сӯҳбат мекард, афзуд, "инак чашми ҷаҳониён ба сӯи Кашмир дӯхта шудааст. Ин масъала чигуна байналмилалӣ хоҳад шуд? Ман имрӯз дар баробари ин порлумон масъулияти онро мепазирам, сафире дошта бошем, ки садои Кашмирро ба саросари ҷаҳон хоҳанд расонд".

Танишҳо байни Покистон ва Ҳинд баъд аз он афзоиш ёфт, ки Деҳлӣ дар ҳафтаи гузашта ихтиёроти Кашмири таҳти идораи Ҳиндро бекор кард ва ҳазорҳо нерӯҳои низомиро ба ин минтақа фиристод. Аз он рӯз ба ин тараф дастрасӣ ба интернет ва телефон дар ин минтақа қатъ шудааст.

Нарендра Модӣ, нахуствазири Ҳинд гуфтааст, ин иқдом ба Деҳлӣ иҷозат медиҳад то алайҳи терроризм ва ҷудоиталабӣ дар Ҷомму ва Кашмир мубориза кунад.

Моддаи Қонуни асосии Ҳинд, ки бекор шуд, ба иёлати Ҷомму ва Кашмир ҳаққи доштани Қонуни асосӣ ва худмухторироро дода буд ва ҳиндиҳои хориҷ аз Кашмирро аз иқомати доимӣ, хариди замин, вазифаҳои давлатӣ ва таҳсил дар он минтақа, манъ мекард.

Дидори Имрон Хон, нахуствазири Покистон аз Кашмири таҳти идораи ин кишвар як рӯз баъд аз он сурат гирифт, ки Исломобод хостори баргузории нишасти фаврии Шӯрои Амнияти Созмони Милали Муттаҳид дар мавриди тасмими ахири Ҳинд дар Кашмри таҳти контроли он кишвар шудааст.

Ҳинд ва Покистон пас аз тақсимшавии нимҷазираи Ҳинду-Покистон, бар сари Кашмир ду бор вориди ҷанг шудаанд. Покистон ва Ҳиндустон дар соли 1947 пас аз дарёфти истиқлол аз Бритониё ба ду кишвари мустақил ҷудо шуданд. Аз он замон то ба ҳол ин ду кишвар дар душманӣ ба сар мебаранд.

Аксари мардуми Покистонро мусалмонон ва аз Ҳиндро ҳиндуҳо ташкил медиҳанд. Ҳудуди 200 миллион аз аҳолии Ҳинд мусалмонон мебошанд ва аксарияти аҳолии Кашмирро, ки аз он замон дар байни ду давлат тақсим шуд, низ мусалмонон ташкил медиҳанд. Наздик ба 38 000 гуреза аз Кашмири таҳти назорати Ҳинд дар урдугоҳҳои Покистон ба сар мебаранд.

Ин дар ҳолест, ки аз соли 1989 ба ин тараф гурӯҳҳои ниманизомӣ дар Кашмири зери назорати Ҳинд, алайҳи ҳукумати он кишвар мубориза мебаранд. Дар ин муддат ҳудуди 70 ҳазор нафар кушта шудаааст. Ҳинд ҳукумати Покистонро айбдор мекунад, ки аз ин гурӯҳҳои шӯришӣ пуштибонӣ мекунад. Покистон ин гурӯҳҳоро "нерӯҳои муқовимат" меномад.

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG