Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Паёми Имрон Хон ба мардуми Кашмир дар рӯзи истиқлоли Покистон


Имрон Хон
Имрон Хон

Имрон Хон, сарвазири Покистон, ба одамоне, ки дар Кашмири зери назорати Ҳинд зиндагӣ мекунанд, ҳамбастагии худро баён кардааст.

Ӯ рӯзи 14-уми август дар изҳороте бахшида ба Рӯзи Истиқлолияти Покистон гуфт, “онҳо қурбонии зулми Ҳиндустон ҳастанд."

Хон афзуд: “Рӯзи истиқлолият як имконият барои хушбахтии бузург аст, аммо имрӯз мо аз бадбахтии бародарони кашмириамон ғамгинем. Бародарони кашмириамонро бовар мекунонам, ки дар бари онҳо ҳастем."

Президенти Покистон Ориф Алвӣ дар маросиме дар Исломобод низ бо чунин паёме баромад кард ва гуфт: "Мо бо онҳо мемонем. Имрӯз ҳамроҳи онҳо ҳастем ва ҳамин гуна давом хоҳем дод."

Кашмири зери назорати Ҳиндустон, ки минтақаи мусулмоннишин аст, ҳафтаи гузашта пас аз он ки Деҳлии Нав банди қонунеро дар Сарқонуни Ҳиндустон бекор кард, баста шудааст.

Ин банди қонун ба ин минтақа нисбат ба дигар иёлатҳои Ҳиндустон мустақилияти бештарро кафолат медод.

Сарвазир Нарендра Модӣ гуфт, ин амал имкон медиҳад, Ҳиндустон минтақаро аз “терроризм ва ҷудоихоҳӣ” халос кунад.

Покистон ин амали Ҳиндустонро аз рӯи қонунҳои байналмилалӣ ғайриқонунӣ номид. Ин кишвар бо боздоштани савдои дуҷониба ва ҳама робитаҳои нақлиёти ҷамъиятӣ бо ҳамсояи худ ва, инчунин, берун кардани сафири Деҳлии Нав аз Исломобод ба Ҳиндустон посух дод.

XS
SM
MD
LG