Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бозии дӯстонаи ситораҳои футбол ба хотираи дастаи "Пахтакор-1979" мусовӣ шуд


Бозии дӯстона миёни собиқадорону ситораҳои бошгоҳи футболи “Пахтакор”-и Тошканд ва мунтахаби СССР (Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравии Сотсиалистӣ) бо ҳисоби 4:4 ба анҷом расид.

Ин бозии дӯстона ба хотираи футболбозони дастаи машҳури “Пахтакор”-и Тошканд, ки 40 сол муқаддам - 11-уми августи соли 1979 – ба иллати садамаи ҳавоӣ ҳалок гардида буданд, бахшида шуд.

Пеш аз оғози ин бозӣ, ки шаби якшанбеи 11-уми август дар варзишгоҳи “Пахтакор”-и шаҳри Тошканд доир гардид, мухлисон барномаи вижаеро ба хотираи футболбозони ҳалокшуда тамошо карданд.

Зимнан, дар байни ҳалокшудагон, инчунин зодаи Душанбе, собиқ нимҳимоятгари дастаи “Помир” Владимир Макарови 32-сола низ буд, ки он замон дар бошгоҳи “Пахтакор” бозӣ мекард. Макаров дар ҳайати “Помир” солҳои 1970-73 ва 1977 ҳунарварӣ намуда, 39 гол задааст ва ба қатори даҳ нишонзани беҳтарини даста дохил шудааст.

Аз тамошои бозии дӯстона миёни ситораҳои футболи «Пахтакор» ва СССР, бахусус мухлисони бузургсол хушҳол шуданд. Онҳо имкон пайдо намуданд, ки бозигарони дӯстдоштаашонро аз наздик бубинанд ва аз маҳорати баланди онҳо лаззат баранд.

Ин бозӣ аз ду қисми 30-дақиқагӣ иборат буд. Аъзои ҳарду даста кӯшиш намуданд, хуб бозӣ карда, нишон бидиҳанд, ки ҳоло ҳам маҳорати олӣ доранд.

Аз дастаи «Пахтакор» Азамат Абдураҳимов ва аз мунтахаби СССР Игор Беланов сеголӣ зада, “хет-трик” карданд. Ҳамчунин Равшан Бозоров (“Пахтакор”) ва Дмитрий Кузнетсов (СССР) якголӣ ба самар расониданд.

Дарвоқеъ, ҳамлагарон Азамат Абдураҳимов (ҳоло 53-сола) ва Равшан Бозоров (ҳоло 51-сола), ки дастпарварони футболи Узбекистонанд, дар дастаи “Помир”-и Душанбе низ ҳунарнамоӣ кардаанд. Азамат, ки писари бузурги футболбози машҳур Бародар Абдураҳимов аст, соли 1991 дар ҳайати “Помир” дар чемпионати СССР миёни дастаҳои лигаи олӣ 25 бозӣ карда, 4 гол задааст. Равшан бошад, дар ҳайати “Помир” солҳои 1990-91 дар 41 бозӣ ширкат варзида, 4 бор тӯбро ба ҳадаф расондааст.

Дар ҳайати собиқадорону ситораҳои “Пахтакор” зодаи Душанбе, собиқ ҳамлагари “Помир” Нуриддин Амриеви 60-сола низ ба майдон омад.

Бояд тазаккур дод, баъди ҳалокати футболбозони “Пахтакор” Федератсияи футболи СССР тасмим гирифт, ки ҳайати дастаро аз ҳисоби бозигарони моҳири бошгоҳҳои мухталифи кишвар пурра намояд. Футболбози маъруфи тоҷик Нуриддин Амриев низ ба қатори хоҳишмандон шомил шуд ва аз соли 1979 то соли 1984 дар дастаи “Пахтакор” муваффақона бозӣ кардааст.

Дар бозии дӯстона дар ҳайати мунтахаби СССР дар қатори бозигарони номдори футболи шӯравӣ Владимир Ғуломҳайдарови 73-сола низ ширкат дошт. Ӯ аз беҳтарин футболбозони тоҷик дар асри XX маҳсуб мешуд. Вай нимҳимоятгари моҳир буд ва мухлисонро бо ҳунари волою техникаи олии бозиаш мафтун мекард.

Ғуломҳайдаров солҳои зиёд капитани дастаи “Помир” буд. Ӯ дар лигаи якум дар ҳайати “Помир” дар 241 бозӣ 30 тӯб зада, ба қатори даҳ нафар беҳтарин нишонзанҳои даста дохил шудааст. Вай аввалин футболбози тоҷик аст, ки ба дастаи мунтахаби олимпии Иттиҳоди Шӯравӣ даъват шуда, соли 1967 дар ҳайати он дар ҳашт бозӣ се гол задааст.

"ПАХТАКОР" - МУНТАХАБИ СССР - 4:4 (3:2)

11 август. Варзишгоҳи "Пахтакор".

Доварон: Б.Ҳайдаров, К.Смирнов, Б.Тогаев, Ш.Пулатов.

"Пахтакор" (ҳайати умумӣ): Алексей Рошин, Мурод Алиев, Денис Иванков, Фарҳод Магомедов, Маҳмуд Собиров, Ислом Ахмедов, Нуъмон Ҳасанов, Игор Шквирин, Азамат Абдураҳимов, Ҷасур Абдураҳимов, Илҳом Шарипов, Ҷаъфар Ирисметов, Равшан Бозоров, Нуъмон Нурматов, Олег Собиров, Александр Хвостунов, Сергей Лебедев, Ойбек Усмонхуҷаев, Бахтиёр Ашурматов, Фуркат Эсонбоев, Павел Бугало, Сергей Лушан, Кайрат Утабоев, Собир Ҳодиев, Абдуқаҳҳор Маъруфалиев, Гоча Ткебучава, Мирҷалол Қосимов, Нуриддин Амриев, Юрий Курбико.

Мунтахаби СССР: Отар Габелия, Қуролбек Ордабоев, Руслан Нигматуллин, Владимир Ғуломҳайдаров, Владимир Бессонов, Алексей Михайличенко, Александр Заваров, Вагиз Хидиятуллин, Валерий Кечинов, Валерий Шмаров, Дмитрий Кузнетсов, Руслан Мамедов, Александр Мирзоян, Андрей Еманов, Андрей Пятнитский, Владимир Гутсаев, Александр Чивадзе, Андрей Канчелскис, Василис Хадзипанагис, Евгений Яровенко, Андрей Фёдоров.

Голҳо: Азамат Абдураимов 8, 26, 50-пеналтӣ, Бозоров 17 - Беланов 27, 51, 54, Кузнетсов 28.

XS
SM
MD
LG